Подмодда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Подмодда, антимоддаматерияест, ки аз подзарраҳо иборат мебошад.

Дар антимодда ядрои атом бар хилофи модда аз антипротонҳо ва антипозитронҳо иборат буда, ба ҷойи электронҳо дар лифофаи онҳо позитронҳо ҷойгир мешаванд; масалан, антиатоми гидроген аз антипротон ва позитрон иборат мебошад. Зарядҳои барионӣ ва лептонии антимодда манфианд. Қувваҳои ядроӣ, ки устувории ядроҳои атомиро ифода мекунанд, инчунин қувваҳои электромагнитӣ ва мубодилавӣ, ки ба туфайли онҳо шаклҳои ҷойгиршавии устувори электронҳо дар атомҳо ва молекулаҳо мавҷуданд, барои антимодда ва модда якхела мебошанд. Аз зарраҳои антимодда маҷмӯъҳои ҳамон навъе, ки аз зарраҳои модда сохта мешаванд, ба вуҷуд оварда мешаванд. Антимоддаро дар суръатфизоҳо ба вуҷуд овардан ё дар шуоъҳои кайҳонӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Соли 1965 физикони америкоӣ бо роҳи таҷриба дар суръатфизо нахустин антиядро — антидейтрон (ҳолати вобастаи антипротон ва антинейтрон)-ро ҳосил карданд; чанде пас ядрои антигелий (1969) ва антитритий (1974, дар Русия) ба қайд гирифта шуданд. Ҳангоми бархӯрд бо моддаи мӯътадил маҳвшавии антизарраҳои антимоддаро ташкилдиҳанда бо зарраҳои модда ба вуҷуд меояд, аз ин рӯ, дар олами моро фарогирифта, ки аз модда иборат аст, антимодда мавҷуд нест. Аммо дар Кайҳон мавҷуд будани соҳаҳои аз модда дур, ки пурра аз антимодда иборат мебошанд, имконпазир аст. Ин соҳаҳоро антиолам меноманд. Ба илм то ҳанӯз мавҷудияти аниқи антиолам маълум нест.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]