Сотим Улуғзода
Таърихи таваллуд: | 2 сентябр 1911 |
---|---|
Зодгоҳ: | вилояти Фарғона, Империяи Русия (ҳоз. вилояти Намангон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон) |
Таърихи даргузашт: | 25 июн 1997 (85 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | нависанда, тарҷумон |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳои адабӣ: |
Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I, медалҳои «Барои хидматҳои ҷангӣ» «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И. Ленин», «Барои мудофиаи Москва», «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» |
Ҷоизаҳо: | Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ |
Сотим Улуғзода — нависандаи муосири тоҷик, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1951)[1], дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ. Бо асарҳое, чун «Субҳи ҷавонии мо», «Қисмати шоир», «Фирдавсӣ», «Ривояти суғдӣ», «Марги Ҳофиз» ва «Восеъ» шуҳрат ёфтааст.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сотим Улуғзода 2 сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст (вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Волидони Сотимхон аз табақаи кишоварзони камбизоат, вале соҳибдил буданд. Модараш зани босавод буда, гоҳе машқи шеър мекардааст. Сотимхон дар сини нӯҳсолагӣ аз модар ва дар даҳсолагӣ аз падар бенасиб мемонад. Баъдан вай дар мактаби усули нав, ки дар Чуст ташкил шуда буд, ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Соли 1925 ба сафи донишҷӯёни Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд пазируфта шуда, соли 1932 онро хатм мекунад ва як сол дар ҳамин муассисаи таълимӣ ба касби муаллимӣ машғул мешавад. Чор соли таҳсил ва як соли фаъолияти муаллимӣ дар Дорулмуаллимин дар ташаккули шахсият ба ҳисси худшиносии Сотимхон мусоидат менамоянд. Ӯ дар ин муддат ба эҷодиёти Рӯдакиву Фирдавсӣ ва дигар шоҳсутунҳои адабиёти ҳазорсолаи тоҷик шинос мешавад, ба Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммад, Абдурауф Фитрат барин шахсиятҳои фарҳангии тоҷик вомехурад ва аз забони рус М. С. Андреев пандеро ба маънои «халқи худро шинос» ба гӯш мегирад. Ҳамчунин, дар солҳои дар Дорулмуаллимини Тошканд таҳсил карданаш Сотим Улуғзода ба донишҷӯйи факултети шарқшиносии университети осиёи миёна Клавдия Блоговешенская дӯстӣ пайдо намуда, баъдҳо ба ӯ издивоҷ намуд, ва онҳо соҳиби ду фарзанд — Азиз ва Норахон гардиданд. Сотим Улуғзода соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон — Сталинобод омада, дар идораи рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият») ва маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (ҳоло «Садои Шарқ») фаъолият мекунад. Солҳои 1934—1937 вазифаи котиби масъули раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Фаъолиятӣ Сотим Улуғзода водор менамуд, ки ба шаҳру ноҳия ва деҳот сафарҳо карда, зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар омӯзад дар айни ҳол дар ниҳоди ӯ шавқу рағбати тадқиқи таърихи адабиёти тоҷик торафт меафзояд. Ин аст, ки соли 1940 ба аспирантураи Инситути адабиёти ҷаҳонии Москва дохил гардида ҷиддан ба фаъолияти илмӣ мепардозад. Соли 1941 баробари оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945 Сотим Улуғзода ба сафаи Қувваҳои Мусуллаҳ ҷалб мешавад ва то соли 1944 дар рӯзномае, ки ба фронти ғарбӣ тааллуқ дошт, фаъолият менамояд. Адиб соли 1944 аз сафи артиш ба ақибгоҳ даъват мешавад ва то соли 1946 вазифаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро уҳда мекунад. Нависанда аз соли 1946 то охири умр танҳо ба корӣ эҷодӣ шуғл меварзад. Сотим Улуғзода баъди солҳои 50-ум ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Писараш Азиз ки хатмкардаи Университети давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов буду он ҷо ба сифати омӯзгор фаъолият дошт, соли 1967 ҳангоми сафари расмӣ ба Ҳиндустон аз сафоратхонаи Британияи Кабир паноҳгоҳи сиёсӣ хоста ба хориҷа муҳоҷират намуд. Баъди ин ҳодиса Сотим Улуғзода ба таъқиби сахти Ҳукумати Шӯравӣ гирифтор гардид. Нависандаро аз сафи ҳизби коммунистӣ (КПСС) ронданд, чоп ва тадриси асарҳояш боздошта шуд. Аз нимаи дуввуми солҳои 80-ум сар карда, вазъи сиёсии мамлакат тағйир ёфт ва Сотим Улуғзода дар ҷодаи адабиёти тоҷик аз нав мавқеи муносиб пайдо намуд. Дар арафаи аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ адиб бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардид. Нависанда соли 1992 шаҳри Москваро истиқоматгоҳи поёни умр қарор дод. Соли 1997 романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода ба сифати «Романи сол»-и Ҷумҳурии исломии Эрон пазируфта шуда, нависанда ба баҳои чиҳил сиҳӣ сиккаи тило (баробари чаҳор ҳазор доллари амрикои) сазовор гардид. Ин охирин мукофоте буд, ки соҳибашро дарёфт намуд. Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Сотим Улуғзода 25 июни соли 1997 дар шаҳри Москва алоқамандону мухлисонашро абадӣ падруд гуфт. Бо амри Ҳукумати Тоҷикистон ҷасади адиб ба Душанбе оварда шуд ва чанд соат сокинони пойтахт тавонистанд, ки дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо нависанда маъруфи Тоҷикистон видоъ намоянд. Манзили ҳамешагии Сотим Улуғзода дар мазори боғӣ Лучоб қарор гирифт.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Сотим Улуғзода бо ҳамкории донишҷӯйи факултети шарқшиносии Университети Тошканд Понов повести «Сом ва Дик»-и М. А. Алексеевро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намуд, ва ин тарҷума бо кӯшиш ва дастгирии устод Айнӣ ба нашр расид. Бадҳо Сотим Улуғзода ин соҳаро бо муваффақият идома дод ва чун сермаҳсултарин тарҷумон дар адабиётӣ садаи асри XX тоҷик эътибор пайдо кард. Тарҷумаҳои Сотим Улуғзода, аз ҷумла асарҳои Э. Л. Войнич «Ғурмагас» (1931), В. Н. Билл-Белосерковский «Ҳаёт даъват мекунад» (1935), Н. Ф. Погодин «Одами милтиқдор» (1940), А. Н. Островский «Гунаҳгорони бе гуноҳ» (1945), М. Горкий «Модар» (1953), В. Шекспир «Дон Кихот» (1974), Ч. Айтматов «Қуллаи Фудзияма» ҳоло ҳам аз беҳтарин тарҷумаҳо дар адабиёти тоҷик мебошанд. Сотим Улуғзода ҳанӯз аз солҳои 30 ба тадқиқи осори намояндагони шинохтаи адабиётӣ сеҳазорсолаи тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ чун узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) асару мақолаҳои зиёд таълиф намуда дар инкишофи адабиётшиносии тоҷик саҳми муносиб гузоштааст. Як қатор мақолаҳои олим, аз ҷумла «Лоҳутии мо» (1933) «Анҷумани якуми нависандагони шӯрои Тоҷикистон» (1934), «Садриддин Айнӣ» (1935), «Дар бораи шоирони Помир» (1935), «Барои асарҳои саҳнавии олисифат» (1947), «Дар бораи баъзе масъалаи танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ дар республика» (1954), ба адабиётшиносии даври нави тоҷик бахшида шудаанд. Ҳамчунин Сотим Улуғзода оид ба рӯзгор ва эҷодиёти шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ, чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носир Хусрав, Аҳмади Дониш, асару мақолаҳои пурқимат таълиф намудааст. Рисолаҳои «Аҳмади Дониш» (1946) ва «Пири ҳакимони машриқзамин» (1980) дорои қимати калони илмӣ мебошанд. Мақоми Сотим Улуғзода дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик чун нависанда, драматург басо баланд аст.
Филмномаҳои «Ҷавонии Ибни Сино» («Ӯзбекфилм», 1956), «Қисмати шоир» («Тоҷикфилм», 1957) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. «Қисмати шоир» дар Фестивали филмҳои Осиёву Африқо (1960) ба дарёфти Ҷоизаи «Уқоби тило» сазовор гардидааст. Сотим Улуғзода дар насри бадеӣ ҳам устоди забардасте буда, фаъолияти нависандигияш аз иншои қиссаи «Ёрони боҳиммат» (1947) оғоз ёфтааст. Баъдан романи «Навобод» (1953), ки соли 1949 бо номи «Диёри навобод» нашр шудааст, қиссаи «Субҳи ҷавонии мо» (1954), романҳои «Восеъ» (1967), «Фирдавсӣ» (1988), қиссаи «Ривояти суғдӣ» (1975—2014)-ро ба қалам овардааст, ки дар инкишофи насри муосири тоҷик марҳилаи наве гардидаанд. Соли 1996 романи «Фирдавсӣ» дар Озмуни байналмилалии «Китоби сол» ба дарёфти Ҷоизаи аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон мушарраф гардидааст.
Устод Улуғзода дар тарҷумаи осори Л. В. Войнич «Ғурмагас» (1931, 1981), Н. Ф. Погодин «Одами милтиқдор» (1940), К. Голдони «Хизматгори ду хоҷа» (1944), А. Н. Островский «Гунаҳкорони бе гуноҳ» (1945), М. Горкий «Модар» (1953), В. Шекспир «Ҳамлет» (1970), Ж. Б. Молйер «Табиби зӯракӣ» (1972), М. Сервантес «Дон Кихот», Шарл де Костер «Тил Уленшпигел» (1975) маҳорати фавқулодаи суханварию тарҷумонӣ зоҳир кардааст. Дар заминаи «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ китоби дуҷилдаи мансури «Достонҳои Шоҳнома»-ро офаридааст (1976—1977), ки маҳбуби пиру барнои кишвар аст.[2]
Насри бадеии Улуғзода
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар эҷодиёти Сотим Улуғзода насри бадеӣ асосан баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавқеъ пайдо мекунад. Дар очерку ҳикояҳои «Атака» (1944), «Бибӣ» (1946), «Саёҳати Бухоро бо ҳамроҳии Айнӣ» (1950), «Қаҳрамони Днестр, Висла ва Одер» (1967) воқеаҳои даврони шуравӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Воқеаи ҳикояи «Марги Ҳофиз» (1972) бошад, дар Ҳиндустон рӯй медиҳад. Падар — Ҳофизи бузург фарзанди хинашро мекушад ва баъдтар худро низ ҳалок месозад. Моҷарои падару писар ва ҳифзи ватан аз мавзӯъҳои қадимии адабиётӣ ҷаҳон мебошад, ки дар ҳикояи «Марги ҳофиз» тамоман ба таври нав тасвир ёфтааст. Нахустин асари калонҳаҷми Сотим Улуғзода дар соҳаи насри бадеӣ қиссаи «Ёрони боҳиммат» (1947) мебошад, ки ба воқеаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иртибот дорад. Дар асар образҳои Зайнаб, Ҷӯрабек ва Ориф мавқеъ доранд. Зайнаб аз майдони ҷанг «Хати сиёҳ» мегирад, ки шавҳараш Ҷӯрабек дар мухориба қаҳрамонона ҳалок гардида аст. Ӯ баъди як соли мотам ба хотири аз гапу калочаҳои мардум раҳоӣ ёфтан ба Ориф Каримов ном муҳандис издивоҷ мекунад. Вале дере нагузашта аз шифохонаи шаҳри Тошканд мактуби Ҷӯрабек ба дасти вай мерасад. Лаҳзаи ҳассоси асар он аст, ки Зайнаб ду шавҳари қонунӣ дорад ва интихоб дар ихтиёри ин зани дар ҳолати парешонӣ қарор дошта мебошад. Зайнаб баъди андеша ва муҳокимаҳои зиёди мантиқиву ахлоқӣ шавҳари аввалашро интихоб кард, дар беморхона мегӯяд: «Ман Ҷӯрабекро гирифта мебарам». Зайнаб бо ин сухан масъулияти азимеро дар зиндагӣ ба уҳда гирифт, то ки Ҷӯрабеки аз пову даст маҳрум гаштаро наҷот бидиҳад ва ӯро ба ҷодаи зиндагӣ раҳсипор созад. Аввалин романи Сотим Улуғзода «Навобод» (1953) мебошад, ки он ба масъалаҳои муттаҳидкунии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ободонии деҳоти Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ бахшида шудааст. Ин асар дар таърихи адабиётӣ давраи нави тоҷик мавқеи муайян дорад. Асарҳои насрии «Восеъ» (1967), «Ривояти суғдӣ» (1975), «Достонҳои „Шоҳнома“» (1976, 1977), «Фирдавсӣ» (1985) ба мавзӯъҳои таърихӣ бахшида шудаанд. Дар эҷодиёти Сотим Улуғзода охирин асари калонҳаҷми ӯ — «Фирдавсӣ» мавқеи босазо дорад. «Фирдавсӣ» романи муҳташам буда, мавзӯъ ва масъалаҳои зиёди ватанпарастиву хештаншиносиро дар бар мегирад. Нависанда дар маркази сужети роман нақши Ҳаким Фирдавсиро гузошта, ӯро ба сифати шоири ҳақҷӯ, ростгӯ, ватанпараст, додхоҳ ва олиҳиммат тасвир менамояд. Дигар образҳои асар аз ҷумла Фотимабону (ҳамсари Фирдавсӣ), Манижа ва Ҳушанг (фарзандони Фирдавсӣ) Абӯ Дулаф, Муҳаммад лашкарӣ, Ҳусайн қутайб, Салоҳиддини дуредгар, Унсурии шоир дар такмили образи асосӣ саҳм гирифтаанд. Адиб бо эҷоди «Фирдавсӣ» дар таърихи адабиёти давраи нави тоҷик як навъи тозаи романнависиро кашф намуд.
Намунаи осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асарҳои мунтахаб /Иборат аз 4 ҷилд. — Душанбе: Ирфон, 1967—1976.
- Ҷ. 1. Субҳи ҷавонии мо: Повест, 1967. — 378 с.
- Ҷ. 2. Восеъ: Роман, 1969. — 367 с.
- Ҷ. 3. Очерк, ҳикоя, қисса, киноповест ва драмаҳо, 1975. — 422 с.
- Ҷ. 4. Навобод: Роман, 1976. — 368 с.
- Мунтахабот /Иборат аз 2 ҷилд. — Душанбе,1982.
- Ҷ.1. Субҳи ҷавонии мо. — Ривояти суғдӣ: Повестҳо. — 448 с.
- Ҷ.2. Роман, повест ва ҳикояҳо. — 432 с.
- Диёри навобод: Роман. — Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1949. — 169 с.
- Восеъ: Роман. — Душанбе: Ирфон, 1979. — 368 с.
- Навобод: Роман. — Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1953. — 398 с.
- Фирдавсӣ: Роман. — Душанбе: Адиб, 1991. — 256 с.
- Ёрони боҳиммат: Повест. — Сталинобод: Нашрдавтоҷик, 1947. — 107 с.
- Субҳи ҷавонии мо: Повест. — Душанбе: Ирфон, 1967. — 378 с.
- Ривояти суғдӣ: Повест. — Душанбе: Маориф, 1984. — 216 с.
Мукофот ва ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Ду ордени «Нишони Фахрӣ»
- Ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон» дараҷаи I (пас аз вафот)
- Медалҳои «Барои хидматҳои ҷангӣ»
- «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»
- «Барои мудофиаи Москва»
- «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Ифтихорномаи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон
- Арбоби шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1962)
Некдошти устод
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъд аз вафоташ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 ба Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон номи Сотим Улуғзода гузошта шудааст. 100-солагии ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ ҷашн гирифта шудааст.[3]
Адабиёт доир ба адиб
[вироиш | вироиши манбаъ]- Улуғзода Сотим //Энсиклопедияи советии тоҷик.- Душанбе, 1987.- Ҷ.7.- С.481- 483.
- Шарифов Х. Улуғзода Сотим //Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик.- Душанбе, 2004.- Ҷ.3.- С.243-245.
- Улуғзода Сотим //Адибони Тоҷикистон: Маълумотнома.- Душанбе: Адиб, 2002.- С.559-561.
- Нависандаи Халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода бо Ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи 1 мукофотонида шавад (баъд аз вафот) // Садои мардум.- 2002.- 4 декабр.
- Раҳмон Э. 90 сол: Паёми табрикӣ ба ифтихори 90-солагии Сотим Улуғзода // Садои мардум.- 2002.- 4 декабр.
- Абдулов Н. Ҳаёту эҷоди адиб дарси ибрат аст //Баҳори Аҷам.- 2011.-11 феврал.
- Давронов А., Худойдодов А. Сотим Улуғзода ва Аҳмади Дониш //Адабиёт ва санъат.- 2011.- 4 август.
- Самадов А. Адиби бузургу донишманди вороста //Адабиёт ва санъат.- 2011.- 3 феврал.
- Хушқадамова Ҳ. Дар ёди Ватан: Хотирае чанд аз вопасин рӯзҳои устоди наср Сотим Улуғзода //Чархи гардун.- 2009.- 3 декабр.
- Мункӣ А. С. Сотим Улуғзода: «Маро дар Ховалинг — зодгоҳи аҷдодиам ёд карданд» //Ҷавонони Тоҷикистон.- 2008.- 6 ноябр.
- Асозода Х., Кӯчаров А. Адабиёти тоҷик.- Душанбе: Тайфун-Менеҷмент, 2007.- 398 с.
- Икромӣ Ҷ. Зиндаҷудоии Сотим Улуғзода бо нури чашмонаш: Ёддоштҳо аз ҳаёт ва фаъолияти нависандаи бузург Сотим Улуғзода //Минбари халқ.- 2007.- 7 июл.
- Салимов М. Тадқиқоти муфид: Оиди устод Сотим Улуғзода //Адабиёт ва санъат.- 2006.- 30 март.
- Асозода Х. Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ.- Душанбе: Деваштич, 2005.- 206 с.
- Раҷабӣ М. Сотим Улуғзода — абармарди набард ва андеша.- Душанбе: Деваштич, 2004.- 172 с.
- Отахонова Х. Сайре ба бойгонии Сотим Улуғзода //Отахонов, Х. Чеҳраҳои шинохта.- Душанбе: Деваштич, 2004.- С.79-87.
- Отахонова Х. Сайре ба бойгонии Сотим Улуғзода //Ҷумҳурият.- 2003.- 4 феврал.
- Исоматов М. Тоҷикон дар тасвири Сотим Улуғзода.- Душанбе: Ирфон, 2002.- 146 с.
- Асозода Х. Устод Айнӣ дар шинохти Сотим Улуғзода: Дастури таълимӣ.- Душанбе: Деваштич, 2001.- 116 с.
- Асозода Х. Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода: Рисола.- Душанбе: Адиб,2000.- 80 с.
- Улуғзода Л. А. Ҳанӯз овози Сотим Улуғзодаро мешунавам: Хотираҳои ҳамсари нависанда Любов Андреевна Улуғзода //Чархи гардун.- 1999.- 5 март.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]- [https://web.archive.org/web/20140526234325/http://sotim.webatu.com/ Бойгонӣ шудааст 26 май 2014 сол. Сотим Улуғзода]
- «Фоҷеъаи Сотим Улуғзода такрори сарнавишти Фирдавсист»
- «Ба Сотим Улуғзода дар Душанбе ҳайкал гузоред»
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — соли 244—245 ISBN 978-99947-2-379-9
- ↑ Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик.- Душанбе, 2004.- Ҷ.3.- С.243-245.
- Зодагони 2 сентябр
- Зодагони соли 1911
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони вилояти Фарғона
- Даргузаштагони 25 июн
- Даргузаштагони соли 1997
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагони тоҷик аз рӯи алифбо
- Нависандагони Тоҷикистон
- Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ