Бардаъ
озарбойҷонӣ: Bərdə | |
![]() | |
Кишвар |
![]() |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Баландӣ | 76 ± 1 м |
Вақти минтақавӣ | UTC+4 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
Шиносаҳои ададӣ | |
Нишонаи почта | AZ 0900 |
![]() |
Бардаъ (озарбойҷонӣ: Bərdə) — шаҳр дар Озарбойҷон, маркази маъмурии ноҳияи Барда аст. Аҳолии шаҳр дар соли 1969 19,3 ҳазор нафар, соли 2015 39,3 ҳазор нафар буд[1].
Ҷуғрофия[вироиш | вироиши манбаъ]
Барда дар ҳамвории Қарабоғ 260 км дуртар аз Боку, дар шохоби дарёи Кура дарёи Тартар ҷойгир аст.
Номгузорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Бардаро ибтидо Перозапат (порсии миёна: Pērōzāpāt) ба номи шоҳи Форс Пероз (Фирӯз) (асри V)[2][3] ном дошт. Дар асрҳои миёна номи шаҳр бо якчанд забон сабт шудааст: арманӣ. Պարտավ / Partav , гурҷӣ: ბარდავი / Bardavi , Barda (Berda’a, Berdaa) (ар. بردعة ар. بردع .
Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]
![](https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/4/40/B%C9%99rd%C9%99d%C9%99_T%C9%99rt%C9%99r_%C3%A7ay%C4%B1_%C3%BCz%C9%99rind%C9%99_q%C9%99dim_k%C3%B6rp%C3%BC.jpg/280px-B%C9%99rd%C9%99d%C9%99_T%C9%99rt%C9%99r_%C3%A7ay%C4%B1_%C3%BCz%C9%99rind%C9%99_q%C9%99dim_k%C3%B6rp%C3%BC.jpg)
Асри XXI[вироиш | вироиши манбаъ]
Шаҳри Барда рӯзи 28 октябри соли 2020 дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон ба шаҳр, зарари ҷиддӣ дидааст. Дар натиҷаи ҳамла 21 нафар ҳалок шуданд, тақрибан 70 нафар ҷароҳат бардоштанд[5]. Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Озарбойҷон, аз тупи мушакангези «Смерч» ба Барда оташ кушода шудааст.[6]. Гурӯҳи рӯзноманигорони Ню Йорк Таймс, ки дар кӯчаи асосии шаҳр ҳаракат мекарданд, низ аз ҷониби Арманистон ба оташи мушакӣ дучор омада, дар шаҳр «силсилаи таркишҳои гӯшкариро» сабт карданд[7]. Ташкилоти ҳуқуқи башари «Amnesty International» ва «Human Rights Watch» далели истифодабарии Арманистон аз бомбаҳои манъшудаи кастериро тасдиқ карданд[8][9].
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Барда дар қатори чанд минтақаи дигари Озарбойҷон, ба ноҳияи иқтисодии Аран дохил мешавад[10]. Корхонаҳои саноатӣ: заводҳои пахтатозакунӣ, кремнавор, заводи оҳану бетон, фабрикаи дӯзандагӣ. Касбҳои асосии аҳолӣ кишоварзӣ, парвариши пахта, абрешим ва паррандапарварӣ, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ мебошанд.
Ҷойҳои тамошобоб[вироиш | вироиши манбаъ]
![](https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/d/d0/Barda_TowerMausoleum_004_6789.jpg/250px-Barda_TowerMausoleum_004_6789.jpg)
![](https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/c/c6/B%C9%99rd%C9%99_%C4%B0mamzad%C9%99.jpg/250px-B%C9%99rd%C9%99_%C4%B0mamzad%C9%99.jpg)
Бо вуҷуди зилзилаҳои зеризаминӣ, дар Барда як қатор иншооти меъмории асримиёнагӣ ҳифз шудаанд:
- мақбараи бурҷии Аҳмад Зочейбани дар соли 1322 (меъмор Аҳмад ибни Айюб ал- Ҳофизи Нахҷувонӣ) бо ду толори хеле ороишёфта ва рӯ ба рӯи хиштҳои оддӣ ва сирдор;
- боқимондаҳои мақбараи дуюми асри XIV (ба истилоҳ Бобои Ахсадан). Дар наздикии мақбараи бурҷӣ ҷойгир аст, ки ба ҳамон меъмор мансуб аст;
- Мақбара — масҷиди Имомзода бо чор манора, асрҳои XVII — XIX
- Масҷиди Угурбейлӣ
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Аҳолӣ
- ↑ А. К. Аликберов. Эпоха классического ислама на Кавказе: Абу Бакр ад-Дарбанди и его суфийская энциклопедия "Райхан ал-хака'ик" (XI-XII вв.). — М.: Вост. лит., 2003. — С. 86.
- ↑ А. А. Иессен. Труды Азербайджанской (Орен-Калинской) археологической экспедиции. — М.-Л.: Изд-во Академии наук СССР, 1959. — С. 47.
- ↑ Усейнов М. А. История архитектуры Азербайджана. — М.: Государственное издательство литературы по строительству, архитектуре и строительным материалам, 1963. — С. 39. — 395 с.
- ↑ Армянские вооруженные силы обстреляли густонаселенную часть города Барда, в результате 21 человек погиб(рус.) (28.10.2020).
- ↑ ВС Армении вновь обстреляли Барду из РСЗО «Смерч»: есть жертвы
- ↑ In Azerbaijan, a String of Explosions, Screams and Then Blood
- ↑ Armenia/Azerbaijan: First confirmed use of cluster munitions by Armenia ‘cruel and reckless’(англ.). www.amnesty.org. 30 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Armenia: Cluster Munitions Kill Civilians in Azerbaijan(англ.). Human Rights Watch (30 October 2020). 30 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Официальный сайт Министерства Экономического развития Азербайджана(пайванди дастнорас — таърих). 2 июли 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 май 2013.
Дар нусхаи забонии дигар мақолаи пурратар аст: Барда(рус.).
Шумо метавонед мақоларо бо иловаи тарҷума муфассалтар кунед ва ба лоиҳа кӯмак кунед. Дар ҳамин ҳол, бинобар риояи қоидаҳои нашр, шаблони {{Мақолаи тарҷумашуда}}-ро дар саҳифаи баҳс ишора кунед, ё пайвандро ба саҳифаи манбаъ (сарчашма) дар шарҳи вироиш нишон диҳед. |