Вилояти Бухоро
ӯзбекӣ: Buxoro viloyati | |
Кишвар | [[|]] |
Маркази маъмурӣ | Бухоро |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 15 январ 1938 |
Масоҳат |
|
Баландӣ | 206 м |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
Шиносаҳои ададӣ | |
Рамзи ISO 3166-2 | PK-IS |
Вебгоҳи расмӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вилояти Бухоро (ӯзб. Buxoro viloyati بخارا ولایتی) як вилояти Ӯзбекистон, ки дар ҷанубу ғарби кишвар ҷойгир аст. Биёбони Қизилқум қисмати зиёди қаламрави онро дарбар мегирад. Он бо Туркманистон, вилояти Навоӣ вилояти Қашқадарё, як қисми ками вилояти Хоразм ва Ҷумҳурии Қарақалпоқистон ҳамсарҳад аст. Масоҳати вилоят 39.400 км 2 аст. Аҳолӣ тахминан 1 543,900 нафар аст (охири соли 2009), ки 71% он дар деҳот зиндагӣ мекунанд.[1]
Вилояти Бухоро ба 11 ноҳияи маъмурӣ тақсим шудааст. Марказ - Бухоро [1] Дигар шаҳрҳои калон: Олот, Қарокӯл, Галаосиё, Газли, Ғиждувон, Когон, Ромитан, Шофиркон ва Вобкент.
Иқлими вилоят континенталии хушк аст.
Шаҳри қадимаи Бухоро ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудааст ва ҳамчун "осорхонаи зинда" ва як маркази сайёҳии байналмилалӣ маъруф аст. Дар шаҳр ва атрофи он ёдгориҳои сершумори таърихӣ ва меъморӣ мавҷуданд.
Вилояти Бухоро дорои захираҳои назарраси табиӣ, аз қабили газ, нафт, графит, бентонит, мармар, сулфур, оҳаксанг ва ашёи хом барои сохтмон мебошад. Самтҳои аз ҳама рушдёфтаи саноат коркарди нафт, пахтатозакунӣ, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳо мебошанд.[2] Ҳунарҳои анъанавӣ, ба монанди гулдӯзии тилоӣ, кулолӣ ва кандакорӣ эҳё шудаанд. Вилояти Бухоро маркази парвариши гӯсфандони қарокулӣ ва истеҳсоли пашмҳои қарокулӣ дар Ӯзбекистон мебошад.
Воҳидҳои маъмурӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]№ | Ноҳия | Пойтахти ноҳия |
---|---|---|
1 | Ноҳияи Олот | Олот |
2 | Ноҳияи Бухоро | Галаосиё |
3 | Ноҳияи Ғиждувон | Ғиждувон |
4 | Ноҳияи Ҷондор | Ҷондор |
5 | Ноҳияи Когон | Когон |
6 | Ноҳияи Қаракӯл | Қаракӯл |
7 | Ноҳияи Қоровулбозор | Қоровулбозор |
8 | Ноҳияи Пешку | Янгибозор |
9 | Ноҳияи Ромитан | Ромитан |
10 | Ноҳияи Шофирком | Шофирком |
11 | Ноҳияи Вобканд | Вобканд |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Statistical Yearbook of the Regions of Uzbekistan 2009, State Statistical Committee, Tashkent, 2009 (рус.).
- ↑ Investment Potentials of the Bukhara Region. Diplomat. Diplomat. 22 феврали 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2021.
Пайванд
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вебсайти расмӣ Бойгонӣ шудааст 23 май 2019 сол.
- Chisholm, Hugh, ed. (1911). "Бохара". Энсиклопедияи бритониёӣ. 4 (саҳ. 11). Матбуоти Донишгоҳи Кембриҷ. саҳ. 156–157