(Translated by https://www.hiragana.jp/)
Автобус — Википедия Jump to content

Автобус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Автобуси «Тоҷикистон-3205» дар Томск

Авто́бус (мухтасар аз автомобил-омнибус) — худравест барои кашондани зиёда аз 8 нафар мусофир. Автобус дарозиаш аз 5,5 м кӯтоҳтарро микроавтобус меноманд.

Бори нахуст Автобусро соли 1801 Ричард Тревитик дар Англия сохта, ба намоиш гузошт, ки он бо муҳаррики буғӣ ба кор андохта мешуд ва 8 мусофирро кашонда метавонист. Автобуси электрикӣ соли 1886 дар Лондон сохта шуд, ки суръати ҳаракаташ 11,2 км/соатро ташкил медод. Автобуси муҳаррикаш дарунсӯзи бо бензин коркунанда бори нахуст дар Германия дар заводи «Бентс» сохта шудааст (1894—1895). Автобуси мазкур 8 нафар мусофир кашонда метавонист. Нахустин автобуси муҳаррикаш автобуси дарунсӯзи шаҳрӣ соли 1903 дар Лондон бо сайрхати муайян ба ҳаракат даромад. Дарозтарин сайрхати автобус шаҳри Горно-Алтайски Россияро бо шаҳри Фрайбурги Германия мепайвандад, ки дарозии он 6500 км мебошад. Барои тай кардани ин роҳ автобус 5 шабонарӯз ҳаракат мекунад. Калонтарин Автобуси бисёрузва (истеҳсоли «ДАФ Супер Сити Трейн») 32,2 м дарозӣ дошта, дар салони якуми он 110 ҷойи нишаст ва 140 ҷойи ист, дар салони дуюмаш 60 ҷойи нишаст ва 40 ҷойи ист мавҷуд аст. Лоиҳаи онро собиқ Президенти Заир Мобуту Сере Секо кашида буд. Вазни автобуси мазкур 28 тона аст. Автобуси калонтарини олам соли 1981 сохта шудааст, ки он дуошёна ва чортира мебошад; андозааш 17×4,5×4,5 м, 342 мусофир мекашонад. Он бо телетрап муҷаҳҳаз буда, барои кашондани мусофирон аз бинои фурудгоҳ то самолети «Боинг-747» пешбинӣ шудааст.

Вобаста ба ҷой ва мақсади истифода

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • шаҳрӣ
  • боркашон (боркашону мусофиркашон)
  • байнишаҳрӣ
  • хизматӣ
  • сайёҳӣ
  • шахтавӣ
  • мактабӣ (барои кашондани бачагон)

Аз рӯи дарозӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • хеле хурд
  • хурд
  • миёна
  • калон
  • хеле калон
  • пешмотор
  • ақибмотор
  • миёнамотор
  • капотдор
  • бекапот
  • пастфарш
  • баландфарш
  • бисёрузва
  • якошёна
  • якунимошёна
  • дуошёна
  • нимядак
  • ядакӣ

Автобус дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]
Автобусҳои ширкати «Азия Экспресс». Душанбе, Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон автобус барои мусофиркашонии байнишаҳрӣ ва дохилишаҳрӣ истифода мешавад. Феълан (2010) дар шаҳри Душанбе 280 Автобус ва 34 хатсайри автобуси мавҷуд аст, ки дарозтарини он (19,8 км) хатсайри № 18 Майдони сарҳадчиён — шаҳраки Гипрозем мебошад. Истеҳсоли автобус дар зиёда аз 100 шаҳри дунё, аз ҷумла дар шаҳри Чкаловски Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Марти соли 1958 Вазорати мошинсозии миёнаи СССР, ки Комбинати кӯҳкорию химиявии Ленинобод тобеи он буд, истеҳсоли автобусҳоро барои кашондани коргарони объектҳои вазорат дар заводи таъмири автомобилҳои Чкаловск оғоз кард. Нахустин автобусе, ки аз қисмҳои аз Каунас овардашуда сохта шуд, «Тоҷикистон-1» ном гирифт. Соли 1960 теъдоди ин навъ автобусҳо ба 112 расонида шуд ва то соли 1978 истеҳсол карда мешуданд. Соли 1970 дар асоси шассии ГАЗ-52-01 ва кузови металлии бутун истеҳсоли автобуси навъи «Тоҷикистон-2» ба роҳ монда шуда, худи ҳамон сол 24 автобуси навъи мазкур истеҳсол гардид. Автобуси мазкур торафт такмил ёфта, соли 1973 навъи «Тоҷикистон-2А», соли 1974 «Тоҷикистон-2Б», соли 1975 «Тоҷикистон-5», соли 1982 «Тоҷикистон-3205» истеҳсол гардиданд. Соли 1986 барои бартараф кардани оқибатҳои садамаи Нерӯгоҳи атомии Чернобил зиёда аз 50 адад Автобуси махсуси «Тоҷикистон» бо системаи вентилятсияи маҷбурӣ, деворҳои сурбӣ, курсиҳои паст ва дарзҳои ҳа­воногузар аз вақти гирифтани супориш дар муддати хеле кӯтоҳ — ҳамагӣ 15 рӯзсохта, ба мавзеи садама фиристода шуданд. Соли 1991 дар сехи таҷрибавии завод намунаи «Тоҷик 4309» сохта шуд. Аз соли 1992 истеҳсоли автобус дар завод коҳиш хӯрд, зеро харидори асосӣ — Россия бинобар дур будани ҷойи истеҳсол аз хариди автобусҳо даст кашид. Феълан дар завод соле то 5 — 10 автобус истеҳсол карда мешавад.