(Translated by https://www.hiragana.jp/)
Артишсолор — Википедия Jump to content

Артишсолор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Артишсолор
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: ارتش‌سالار
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Артишдоронсолор
Дараҷаи пойинтар Сипаҳсолор
Ҳамто

Артишсолор (форсӣ: ارتش‌سالار‎) — яке аз болотарин дараҷаҳои солорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сипаҳсолор дорад ва баробар бо новгонсолор дар нерӯи дарёӣ аст; генерали артиш[1].

Артишсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми фармондеҳии олии маҷмуъи созмони низомии ҳар кишвареро дорад ва ё фармондеҳи артиш аст, ки он ягоне амалиётӣ-тактикиест, ки аз як ситод, қароргоҳи фармондеҳӣ, ду — се сипоҳ ва ягонҳои ёрирасон ташкил шуда ва қобилияти амалиётии мустақил дорад[2][3].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Сипаҳсолор

Артишсолор
Дараҷаи болотар:
Артишдоронсолор

«Артишсолор» аз ду вожа сохта шуда ва мақулаи дастурии он исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (артиш) + исм (солор)] аст:

артиш (форсӣ: ارتش‎ < порсии миёна: artēštār «сарбоз, лашкарӣ, ҷанговар, сипоҳӣ» < авестоӣ: raθしーたaē-štar- «гардунасавор, разманда»[4]) + солор (форсӣ: سالار‎ < порсии миёна: sālār < паҳлавӣ: sarδでるたār < эронии бостон: *sara-dāra-[4]).

Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад.

Вожаи «артиш» дар забонҳои порсии бостон ва миёна вуҷуд надошта ва бо равиши «пасинсозӣ» (англ. back-formation) аз «артишдор» (порсии миёна: artēštār) сохта шуда, ки аз вожаи авестоии «raθしーたaē-štar-» (‘гардунасавор’, ‘разманда’; аз «raθしーたa-» – ‘гардуна’ + «štar-» – ‘истода’ дар эронии бостон) гирифта шудааст. Фарҳангистони забони Эрон ин вожаро сохташуда аз «артиш» + «-дор» ба маънии «дорандаи артиш, сипаҳбад» пиндошта ва «артиш»-ро аз он ҷудо кардаву онро ба маънии «сипоҳ, лашкар» хусусан ва «маҷмуъи сипоҳиён ва нерӯҳои мусаллаҳи кишваре» умуман ба кор гирифтааст[4][5].

Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожасозии артиш дар соли 1935 «артиш»-ро ҷойгузини истилоҳоти туркӣ-муғулии «қӯшун» (форсӣ: قشون‎) кард[6]. Ин истилоҳ ҳамакнун дар Тоҷикистон низ расман ба кор меравад[7].

Бо таваҷҷуҳ ба ин додаҳо, истилоҳи «артишсолор», ки кӯтоҳшуда аз «артишдорон-солор» (порсии миёна: artēštārān-sālār) аст, барои ҷойгузин кардани дараҷаи низомии «генерали артиш» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[8].

«Артишдорон солор» (порсии миёна: artēštārān-sālār) баландпоятарин мақоми низомӣ пас аз шоҳаншоҳ дар замони Сосониён буд[9][10]. Дар «Замёд яшт» («Яштҳо», 2/331) мардум бино бар пешае, ки доштанд, ба се гурӯҳ тақсим мешуданд: руҳониён ё осрӯнон (авестоӣ: āθしーたravan-, aθしーたaurvan-); низомиён ё артишторон (авестоӣ: raθしーたaē-štar-) ва кишоварзон ё востриюшон (авестоӣ: vāstrya.fšuyant-)[11]. Оғози ин тақсимбандӣ, ки дар замони Сосониён бо пайдоиши гурӯҳ чаҳорум – пешаварон ё ҳутухшон (порсии миёна: hutoxšān) – ба авҷи марзбандии дақиқи худ мерасад, дониста нест, вале дар «Корномаи Ардашери Бобакон» ба унвони «Артишторон солор» ишора шудааст.

Ба гузориши Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, мақоми Артишторон солор болотар аз «сипоҳбед» (порсии миёна: spāhbēd) ва тақрибан ҳампоя бо «аргбед» (порсии миёна: argbēd) будааст. Аз қаринаҳо чунин бар меояд, ки «Артишторон солор» унвони дигаре барои «Эрон сипоҳбед» (порсии миёна: Ērān spāhbēd) аст, ки то замони подшоҳии Хусрав Анӯшервон болотарин мақоми низомӣ дар шоҳаншоҳии Сосониён буд[12].


  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 50; 193. 10 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  3. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 19; 326. — 655 с. — 3 500 экз.
  4. 4.0 4.1 4.2 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-55-2. ҷ. 1, с. 162.
  5. W. Sundermann. ARTĒŠTĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, pp. 661-662
  6. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Фаслномаи «Ганҷинаи аснод». Зимистони 1373, №16. — с. 38. 28 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
  7. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 1, с. 80.
  8. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  9. W. Sundermann. ARTĒŠTĀRĀN SĀLĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, p. 662
  10. Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. М., 1961. С. 291
  11. Баҳор, Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дуюм). Виростор: Катоюн Маздопур, чопи дувум пойизи 1376, Интишороти «Огоҳ», саҳ. 74, ёддошти 2. ISBN 964-416-045-2
  12. Artēštārān-sālār // Донишномаи Эрон, ҷ. 2, 2503. 23 октябри 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 октябри 2012.