(Translated by https://www.hiragana.jp/)
Аъроф (минтақа) — Википедия Jump to content

Аъроф (минтақа)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аъроф (ар. الأعراف‎ — ҷои миёна, минтақаи ҳоил) — дар фарҳанги исломӣ девор, ҳоил ва ё ҷои миёнае дар байни биҳишту дӯзах, ки онҳоро аз ҳам ҷудо месозад.

Вожаи Аъроф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вожаи аъроф (ҷамъи урф) ба ин маъно ду бор дар Қуръон[1] зикр шудааст ва онро баъзеҳо бар пояи маънои луғавиаш ба маънои макони баланде донистаанд, ки дар марзи байни биҳишт ва дӯзах ва мушриф бар онҳо қарор дорад ва баъзеҳо ваҷҳи номгузории онро ба Аъроф ба эътибори маърифат ва шиносоие, ки бошандагони он аз аҳли биҳишт ва дӯзах доранд, марбут донистаанд. Вале аксари муфассирон онро бо истинод ба ояти 13 сураи Ҳадид ба маънои деворе тафсир кардаанд, ки рӯзи қиёмат барои ҷудо сохтани муъминон аз мунофиқон дар байни биҳишт ва дӯзах кашида мешавад. «Пас дар миёни онҳо деворе зада шавад, ки даре дорад, ботинаш дар он раҳмат ва аз сӯи берунаш азоб аст»[2]. Яъне аз тарафи дохилаш биҳишт ва аз берунаш дӯзах аст.

يَوْمَ يَقُولُ الْمُنَافِقُونَ وَالْمُنَافِقَاتُ لِلَّذِينَ آمَنُوا انْظُرُونَا نَقْتَبِسْ مِنْ نُورِكُمْ قِيلَ ارْجِعُوا وَرَاءَكُمْ فَالْتَمِسُوا نُورًا فَضُرِبَ بَيْنَهُمْ بِسُورٍ لَهُ بَابٌ بَاطِنُهُ فِيهِ الرَّحْمَةُ وَظَاهِرُهُ مِنْ قِبَلِهِ الْعَذَابُ  ‎ 

Таъбири Қуръонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар таъбири қуръонӣ ба одамоне асҳоб ва бошандагони Аъроф гуфта мешавад, ки рӯзи қиёмат муддате дар минтақаи ҳоил дар миёни биҳишту дӯзах бо номи Аъроф боқӣ мемонанд ва бино ба қавли машҳуре, ки аз Ҳузайфа, Ибни Аббос, Ибни Масъуд ва дигарон ривоят шуда, онҳо муъминоне ҳастанд, ки некиҳо ва бадиҳояшон бо ҳам баробар буда, ҳасаноташон онҳоро аз вуруд ба оташ нигаҳ дошта, вале барои даромадан ба биҳишт басанда набудаанд ва Ибни Ҳаҷар онро қавли роҷеҳ донистааст[3]. Бинобар ин, то поёни ҳукми халоиқ дар марзи ҳоил ва ё макони миёнае дар байни биҳишту дӯзах ҷой дода мешаванд ва пас аз он бар асоси фармудаи ҳадисе мавриди лутфи Худованд қарор мегиранд ва ба биҳишт медароянд.

Аъроф дар Қуръон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қуръон пас аз зикре дар бораи аҳли биҳишт ва дӯзах ба баёни Аъроф ва бошандагони он пардохта, ҷойгоҳеро бо ин ном баён медорад, ки болотар аз дӯзахиён ва поёнтар аз биҳиштиён аст ва ба тарзе дар миёнаи онҳо воқеъ гардидааст, ки бошандагони он ҳам биҳиштиёнро мебинанду мешунаванд, ҳам дӯзахиёнро. «Ва дар байни он ду (гурӯҳ ва ё биҳишту дӯзах) ҳиҷобе аст ва бар аъроф мардоне (истода)-анд, ки ҳамаро аз симояшон мешиносанд. Ва аҳли биҳиштро, дар ҳоле ки ҳанӯз ба он надаромадаанд ва умеди онро доранд, нидо кунанд, ки салом бар шумо ва чун чашмонашон ба сӯи аҳли оташ гардонида шаванд, гӯянд: Парвардигоро, моро бо мардуми ситамгор ҳамроҳ нагардон! Ва асҳоби аъроф мардонеро, ки онҳоро аз симояшон мешиносанд, нидо кунанд (ва ба онҳо) гӯянд: Ҷамъи шумо ва истикборе, ки доштед, ба шумо суде набахшид!? Оё ҳаминҳоянд он касоне, ки қасам хӯрда будед, ки Худо ба онҳо раҳмате намерасонад! Ба биҳишт дароед, ки (дигар) на хавфе бар шумо бошад ва на шумо (дар он ҷо) ғамгин мешавед!»[1].

وَبَيْنَهُمَا حِجَابٌ وَعَلَى الْأَعْرَافِ رِجَالٌ يَعْرِفُونَ كُلًّا بِسِيمَاهُمْ وَنَادَوْا أَصْحَابَ الْجَنَّةِ أَنْ سَلَامٌ عَلَيْكُمْ لَمْ يَدْخُلُوهَا وَهُمْ يَطْمَعُونَ  وَإِذَا صُرِفَتْ أَبْصَارُهُمْ تِلْقَاءَ أَصْحَابِ النَّارِ قَالُوا رَبَّنَا لَا تَجْعَلْنَا مَعَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ  وَنَادَى أَصْحَابُ الْأَعْرَافِ رِجَالًا يَعْرِفُونَهُمْ بِسِيمَاهُمْ قَالُوا مَا أَغْنَى عَنْكُمْ جَمْعُكُمْ وَمَا كُنْتُمْ تَسْتَكْبِرُونَ  ‎ 

Аъроф дар аҳодиси Паёмбар (с)

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳадиси мурсале ривоят шуда, ки расули Худо (с) вақте дар бораи бошандагони Аъроф пурсида шуд, гуфт: «Онҳо охирин бандагоне ҳастанд, ки дар бораашон ҳукм ва файсала мешавад. Вақте Парвардигори олам аз дова¬рӣ дар байни (дигар) бандагон фориғ шавад, гӯяд: Шумо мардуме ҳастед, ки ҳасанотатон шуморо аз оташ нигаҳ дошт ва барои даромадан ба биҳишт басанда набуд, пас шумо озодшудагони Ман ҳастед ва дар ҳар куҷое аз ҷаннат, ки хоҳед, дар неъмат бошед!»[4].

Мафҳуми Аъроф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мафҳуми Аъроф ва тасаввури ҷойгоҳе дар миёни биҳишту дӯзах дар андешаи динӣ ва фароянди эътиқодии ақвоми гузашта низ решаҳои амиқи фарҳангӣ ва тораҳои таърихӣ дошта ва дар фарҳангҳои динии куҳан ва осори ривоии тамаддунҳои пешин бо тобиш ва муҳтавои хосе таҷассум ёфтааст. Дар Авесто ва баъзе осори дигари дини зардуштӣ вожаи «майсувона» ва вожаи паҳлавии «ҳаместагон» номи ҷойгоҳест дар дунёи дигар, ки ҳар кӣ некиҳо ва бадиҳояш баробар ва ҳамвазн бошанд, ба он ҷо медарояд. Майсувона дар луғат ба маънои «омехта» аст ва он ҷойгоҳ ба он ҷиҳат майсувона номида шуда, ки аъмоли неку бади аҳли он бо ҳам омехта аст ва ҳеч ҷиҳате бар дигаре бартар набуда. Ҳаместагон дар луғат ба маънои «ҳамеша яксон» аст ва ин аз он рӯ буда, ки некиҳо ва бадиҳои аҳли он бо ҳам баробар ва яксонанд. Дар китоби «Минуи хирад» (фасли 6/банди 18,19) дар бораи ҳаместагон омадааст: Ба ҷуз гармо ва сармо онҳоро ҳеч офати дигаре нест.

Бар асоси эътиқодоти масеҳиён низ дар миёни биҳишту дӯзах манзили миёнае бо номи «пургаториюс» [Purgatorius] ба лотинӣ ва «лимбо» [Limbo] ба англисӣ вуҷуд дорад, ки аввалӣ ба маънои поккунанда ва дуюмӣ ба маънои ҳоил ва барзах аст. Ба андешаи динии онҳо ин ҷойгоҳ дар миёнаи биҳишту дӯзах воқеъ гардида ва касе, ки гуноҳи нобахшудание анҷом дода, вале ҳангоми марг машмули афви Худованд қарор гирифта бошад, ба он ҷо бурда мешавад ва дар ниҳоят пас аз бозхости аъмоли халоиқ ба кори онҳо расидагӣ мешавад ва саранҷом ба биҳишт бурда мешаванд.

  1. 1.0 1.1 Аъроф, 7: 46|48
  2. Ҳадид, 57: 13
  3. Фатҳулборӣ, ҷилди 15: саҳифаи 103
  4. Тафсири Ибни Абуҳотим. — С. 1485. — Макка, 1997
  • Қуръони карим. Душанбе, 2007