(Translated by https://www.hiragana.jp/)
Богота — Википедия Jump to content

Богота

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Богота
исп. Bogotá
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон[d]
4°35′56″ с. ш. 74°04′51″ з. д.HGЯO
Кишвар Колумбия
Роҳбар Carlos Fernando Galán[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 6 август 1538
Масоҳат
  • 1 578 ± 1 км²
Баландии марказ 2 582 м
Минтақаи замонӣ UTC−05:00[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Номи қавмӣ боготиҳо
Забони расмӣ испониёӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +57 1
Нишонаи почта 11
Коди мошин BOG

bogota.gov.co
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Богота дар харитаи
Богота
Богота
 Парвандаҳо дар Викианбор

Богота (исп. Bogotá; ҳангоми таъсис ва дар солҳои 1991—2000 — Санта-Фе-де-Богота, исп. Santafé de Bogotá) — пойтахт ва бузургтарин шаҳри Колумбия, маркази маъмурии вилояти Кундинамарка. Он як воҳиди мустақили маъмурии кишвар - округи пойтахтро ташкил медиҳад, ки ба 20 ноҳия тақсим карда шудааст.

Дар пастхамии кӯҳии Кордилйераи Шарқӣ, дар баландии бештар аз 2640 м аз с. б. воқеъ аст. Аҳолии Б. бо атрофаш 10,7 млн нафар (2011). Масоҳ. 1775,98 кмSuperscript text2.

Роҳҳои автомобилгард ва р. о. Боготаро бо шаҳру бандарҳои Баҳри Кариб мепайванданд. Фурудгоҳи байналмилалӣ (Эл-Дорадо) дорад. Маскуншавии аввалини аврупоиён-испаниҳо ва бунёди Богота ба соли 1538 рост меояд. Аввалин истилогарони испанӣ бо сарварии Г. Хименес де Кесада дар ин сол ба Богота ворид шуданд. Соли 1598 Богота пойтахти генерал-капитании Испания, аз соли 1739 дуюмин шоҳигарии Гренадаи Нав буд. Соли 1819 аз испаниҳо озод карда шуда, пойтахти Ҷумҳурии Колумбияи бузург гардид. Соли 1831 пойтахти Гренадаи Нав буд, ки он дертар Колумбия ном гирифт. Богота маркази муҳимми молиявӣ ва саноати мамлакат аст. Соҳаҳои асосии саноаташ-мошинасозӣ (ва васлкунии он), дорусозӣ, табъу нашр (полиграфӣ) нассоҷӣ. Дар Б. корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, пойафзор, дӯзандагӣ, кимиё ва электротехника мавҷуданд. Конҳои бузурги ангишт ва зумуррад дорад.

Ёдгориҳои таърихӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ёдгорҳои таърихии Богота: калисои ҷомеъ (1572—1610), калисоҳои Санто Доминго (1577), Сан-Франсиско (1579—1622), Сан-Игнасио (1625-35). Дар қ.-и кӯҳи Монсеррат дайри занона бо муҷассамаи Исо ҷойгир аст, ки зиёратгоҳи мардум буда, аз он ҷо манзараи шаҳр ва қаторкӯҳи Кордилйераи Марказӣ намудор аст.

Маориф ва фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Богота донишгоҳҳои миллӣ (1867), марказӣ, ба номи Ф. Х. Калдас, миллӣ-омӯзгорӣ, инчунин донишгоҳҳои хусусӣ, консерватория, институти ботаникӣ, Академияи Колумбия мавҷуданд. Осорхонаи миллӣ, бостоншиносӣ, осорхонаи тило (дорои коллексияи ғании маснуоти тиловории давраи қадим), осорхонаи антропологӣ, осорхонаи фарҳанги динӣ ва мустамликадорӣ дорад. Дар Богота инчунин Осорхонаи инфиродии Симон Боливар (қаҳрамони миллӣ ва собиқ Президенти Колумбия), театри миллӣ, китобхонаи миллӣ (1777) мавҷуданд.