(Translated by https://www.hiragana.jp/)
Вилнюс — Википедия Jump to content

Вилнюс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Вилнюс
литвонӣ: Vilnius
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон[d]
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис асри XIII
Аввалин номбарӣ 1323
Масоҳат
  • 401 км²
Баландии марказ 112 м ва 98 м
Минтақаи замонӣ UTC+02:00 ва UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 5
Нишонаи почта 01001
vilnius.lt
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вилнюс (литвонӣ: Vilnius [ˈvʲɪlʲnʲʊs] , то 1918 — Ви́лна, то солҳои 1919—1939 — Ви́лно) — шаҳр, пойтахти Литва. Дар соҳили рӯдхонаи Нярис (Вилия), дар резишгоҳи рӯдхонаи Вилня ба он (ҳавзаи Нямунаса) ҷойгир аст. Аҳолиаш 540 ҳазор нафар (2014). Аз Вилнюс хатҳои р. о. ба Санкт-Петербург, Минск, Варшава, Лвов, Калининград, Рига мегузаранд. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.

Одамон дар ҳудуди Вилнюс аз асри 11 сокин шудаанд. Вилнюс бори аввал дар солномаи асри 12 зикр шудааст, аммо бунёдаш ба соли 1323, вақте ки князи бузурги Литва Гедиминас қароргоҳи худро аз пойтахти қадимии Литва – Тракай ба ин ҷо кӯчонд, рост меояд. Аз соли 1385 Вилнюс ба яке аз бузургтарин шаҳрҳои давлати муттаҳидаи Полшаву Литва (аз соли 1569 Реч Посполитая) табдил ёфт. Аз соли 1387 ҳуқуқи малдебургиро ба даст овард. Аз асри 15 яке аз марказҳои бузурги тиҷорат, ҳунармандӣ ва фарҳангии Аврупои Шарқӣ буд. Дар асрҳои 17–18 Вилнюсро якчанд бор лашкариёни рус ва швед забт карданд. Соли 1795 баъди тақсимоти сеюми Полша ба Русия ҳамроҳ шуд ва ба маркази губернияи Вилен табдил ёфт. Аз феврали 1919 пойтахти ҶШС Литваю Белорусия. Апрели 1919 Вилнюсро Полша ишғол кард ва то сентябри 1939 дар ҳайати он буд. Октябри 1939 ба Литва дода шуд. Солҳои 1940–90 пойтахти ҶШС Литва дар ҳайати ИҶШС. Дар давраи ҶБВ (1941–45) сахт хароб гардид. Дар кӯҳсори Вилнюс осори Қалъаи Боло (асри 14), дар доманаи кӯҳҳо шаҳри қадимии асрҳои 13–16 боқӣ мондааст.

Ёдмонҳои меъморӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳимтарин ёдгориҳои меъмории Вилнюс: дар услуби готика – калисои (костёл) Микалояус (нимаи дуюми асри 14), калисо ва дайри бернардинҳо (асри 16), калисои Онос (асри 16), боқимондаи деворҳои шаҳри асри 16 бо дарвозаҳои Аушрос (Мединин), калисои Миколо (асрҳои 16–18), ансамбли донишгоҳ (нимаи дуюми асри 16 – чоряки якуми асри 19), калисоҳо дар услуби барокко – Казимеро (1604–18), Тересес (1634–50), Пятро ир Повило (1668–75), Йоно (асрҳои 15–16), биноҳо дар услуби класситсизм – калисои ҷомеъ (1777–1801) бо ноқусхона (асри 16), ратуша (1786–99), қасри усқуф (1825–32), қасрҳои Радзивилҳо, Ходкевичҳо ва ғ. (асрҳои 16–18), калисои православии Параскев Пятниси Муқаддас (1345). Солҳои 1950–80 дар Вилнюс ноҳияҳои калони аҳолинишини Антакалнис, Лаздинай ва ғ. бунёд гардиданд.

Соҳаҳои асосии саноат: мошинасозӣ (асбобсозӣ, дастгоҳсозӣ, электротехникӣ ва ғ.) ва коркарди филиззот. Саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди чӯб тараққӣ кардааст.

Дар Вилнюс АИ Литва, Донишгоҳи Вилнюс, Донишгоҳи техникии Гедиминас, донишгоҳи омӯзгорӣ, Донишгоҳи ба номи Миколо Рёмерио, академияҳои мусиқӣ, театрӣ, бадеӣ, театрҳо, осорхонаҳои таърихию мардумшиносӣ, бадеӣ, осорхонаи инфиродии А. Мискевич ва ғ. мавҷуданд.