(Translated by https://www.hiragana.jp/)
Георг Беднорс — Википедия Jump to content

Георг Беднорс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Георг Беднорс
олмонӣ: Johannes Georg Bednorz
Таърихи таваллуд 16 май 1950(1950-05-16)[1][2][3][…] (74 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Фазои илмӣ физик
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Karl Alexander Müller[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Йоҳаннес Георг Беднорс (олмонӣ: Johannes Georg Bednorz; тав. 16 майи 1950, Нойенкирхен, ҶФО) — физикадони олмонӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи гимназияи "Мартинум "-и шаҳри Эмсдеттен, Донишгоҳи Вестфалияи Вилгелм дар шаҳри Мюнстер. Аз соли 1977 дар лаб. физикаи ҷисмҳои сахти Мактаби олии техникии Сюрих таҳти роҳбарии профессор Х. Грэнихер ва А. Мюллер ва аз соли 1982 дар лаб. IBM (International Busness Machines — механизмҳои байналмилалии тиҷорат) дар Сюрих (Швейтсария) кор кардааст. Аз соли 1983 ҳамроҳи К. Мюллер ба омӯзиши фавқунноқилияти баландҳарорати сафоли асосаш аз оксиди мис сохташуда машғул шуд. Соли 1986 онҳо фавқунноқилияти барий-лантан-мисро дар ҳарор. 35 К (-238 °C), ки аз ҳарор. фавқунноқилияти то ин дам ба дастовардашуда 12 К баланд буд, кашф карданд. Барои таҳқиқоти мазкур соли 1987 Беднорс ҳамроҳи К. Мюллер дар соҳаи физика сазовори Мукофоти нобелӣ гардид.