Гуандун
чинӣ: 广东 | |
![]() | |
Кишвар |
![]() |
Маркази маъмурӣ | Гуанчжоу |
Роҳбар | Wang Weizhong[d] |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Вақти минтақавӣ | UTC+8:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | |
Шиносаҳои ададӣ | |
Рамзи ISO 3166-2 | CN-GD |
Вебгоҳи расмӣ | |
![]() |
|
![]() |
Вилояти Гуандун (чинии сунатӣ:
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз замонҳои қадим дар ҳудуди Гуандун қабилаҳои вйетнамии юэ сокин буданд. Дар асрҳои 6–4 то м. дар ин ҳудуд давлати Юэ таъсис ёфт, ки бо императорони Чини Шимолӣ рақобати тӯлонӣ дошт. Дар нимаи асри 3 то м. дар ҳудуди Гуандун давлати Намвет таъсис ёфт, ки пойтахташ Фиенгун (наздикии ш. Гуанчжоу) буд. Соли 214 то м. ин давлат аз ҷониби империяи Сини Чин забт гардида, аз соли 111 то м. император У-ди раванди Чиникунонии сокинони ин музофотро вусъат бахшид. Охири асри 6 дар ҳудуди Гуандун музофоти ҳарбии Гуанчжоу таъсис ёфта, соли 971 он ба ҳайати империяи Суни Чин дохил шуд. Ҳангоми ҳукмронии сулолаи Юан аз соли 1278 ба округи ҳарбии Гуандун табдил ёфт. Дар охири асри 17 ҳангоми ҳукмронии сулолаи Син музофоти Гуандун бо вилояти Гуанси якҷо шуд, ки пойтахташ ш. Гуанчжоу буд. Дар асрҳои 17–19 Гуандун барои ташаккулу пешрафти иқтисодиёти Чин нақши муҳим дошта, тавассути бандарҳои он тиҷорат ва рафтуо бо кишварҳои Аврупо вусъат ёфт. Ҳангоми «Ҷанги афюнӣ»-и солҳои 1840–60 рақобати миёни Чин бо Британияи Кабир ва Фаронса тезутунд гашта, соли 1898 ҳудудҳои Ҳонконг ба Британияи Кабир ва як қисми ҳудудҳои Гуанчжоу ба Фаронса иҷора дода шуд. Аз охири асри 19 ва аввали асри 20 муҳоҷирати сокинони Гуандун ба Осиёи Ҷануби Шарқӣ, Аврупо ва ИМА вусъат ёфт. Гуандун дар ибтидои асри 20 ба яке аз марказҳои муборизаи зидди манҷуриҳо ва инқилоби Синхай (1911) табдил ёфт. Солҳои 1917–25 дар Гуандун ҳукумати қисмати ҷанубии Чин бо сарварии Сун Ятсен (роҳбари ҳизби Гоминдан) таъсис ёфт, ки пайравони он ҳангоми Ҷанги граждании Чин (1917–49) барои муттаҳидсозии мамлакат кӯшиш ба харҷ медоданд. Гуандун соли 1927 ба маркази мубориза ва ошӯби зидди Чан Кайши табдил ёфт. Солҳои 1938–45 Гуандун аз ҷониби ҷопониҳо истило гардида, соли 1949 комилан озод шуд ва таҳти назорати Ҳизби коммунистии Чин гузашт. Дар нимаи дуввуми асри 20 Гуандун рӯ ба тараққиёт оварда, ба яке аз марказҳои асосии иқтисодиёт, тиҷорат ва сайёҳии Чин табдил ёфт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гуандун // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.