Гуанидин
Общие | |
---|---|
Хим. формула | CH₅N₃ |
Термические свойства | |
Т. плав. | 50 °С |
Энтальпия образования | −56,01 kilojoule per mole |
Таснифот | |
Рег. номер CAS | 113-00-8 |
PubChem | 3520 |
Рег. номер EINECS | 204-021-8 |
SMILES | |
InChI | |
ChEBI | 42820 |
ChemSpider | 3400 |
Приводятся данные для стандартных условий (25 °C, 100 кПа), если не указано иного. |
Гуанидин , карбамидин, имидомочевина, HN = C(NH2)2 — кристаллҳои беранги намкаш; ҳарорати гудозишаш тақр. 50°С. гуанидин аз ҳаво СО2 ва намро меҷабад, бо кислотаҳо намак ҳосил мекунад. Ҳангоми гидролизи гуанидин карбамид ва аммиак ҳосил мешавад. гуанидинро Штреккер (1861) аз гуанин, Гофман (1866) аз хлорпикрин, Эрленмейер (1868) аз сианамид зери таъсири аммиак ҳосил намуданд. Штреккер ва Гофман гумон доштанд, ки дар таркиби гуанидин сиангурӯҳ мавҷуд аст. Эрленмейер барои гуанидин формулаи сохтории дурустро пешниҳод намуд. гуанидин (ё намаки онро) дар натиҷаи ба сианамид таъсир намудани аммиак (ё намакҳои аммоний) ҳосил мекунанд:
H2N – C ≡ N + NH3 → NH = C(NH2)2
H2N – C ≡ N + NH4Cl → (H2N)2 C = NH · HCl
Гуанидинро аз роданиди аммоний (дар ҳарорати 180°С) ва эфирҳои кислотаи ортокарбонат бо таъсири аммиак низ ҳосил менамоянд. Боқимондаи гуанидин дар таркиби
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гуанидин / Ш. Холиқов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.