Гуроз
Гуроз | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Sus.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Sus scrofa Linnaeus, 1758 | ||||||||||||
Ареал | ||||||||||||
Вазъияти ҳифз | ||||||||||||
|
Гуроз (лот. Sus scrofa), хуки ваҳшӣ — ҳайвонест ҷуфтсум.
Вежагиҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз хуки хонагӣ бо ҷуссаи кӯтоҳ ва пойҳои дарозу ғафсаш фарқ мекунад. Дарозии баданаш то 2 м, думаш то 25 см, қадаш 1,2 м, вазнаш 300 кг; модинааш хурдтар аст. Дандони яшкаш (хусусан дар гурози нарина) дароз буда, ба боло тоб хӯрдааст. Чашмонаш хурди чуқур, гӯшаш кӯтоҳ, баданаш тор-тор қил дорад; қилҳои тахтапушт дароз ва мисли ёл мебошанд. Гурози болиғ бӯрранг аст; гурозбачаҳо бӯртоб буда, рахҳои сафед доранд. Гурозҳо аз бешазори Аврупои Миёна (аз Атлантика то Урал), баҳри Миёназамин (аз ҷумла баъзе навоҳии Африқои Шимолӣ), даштҳои Авруосиё, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Пеш сар карда, дар шарқ то Амуру Ҳимолой дучор меоянд. Дар давраҳои қадим гуроз дар дигар минтақаҳо низ бисёр буд. Ҳоло он дар бисёр давлатҳо, аз ҷумла дар Англия қир карда шудааст. Дар Тоҷикистон (ғайр аз Помир ва қисми зиёди Бадахшон) S. s. nugrepes маскун буда, онҳо гурӯҳ-гурӯҳ (баъзан 30-40 сар) дар найзор, ҷангал ва арчазор зиндагӣ мекунанд. Ғизои гуроз асосан мева, бехмева, чормағз, шохча ва барги рустаниҳост. Гуроз аз 2/3 ҳиссаи хӯрокашро аз хок ё зери хазони ҷангал меёбад. Дар як шаборӯз 2,5-6 кг хӯрок мехӯрад. Гурози мода ноябр ё декабр ба гушн омада, баъди 130 рӯз 3-9 бача мезояд. Гурозбачаҳои навзод 600—850 г вазн доранд. Ҳафтаи аввал бештар хоб мераванд ва модарашон баъди ҳар 3-4 соат онҳоро мемаконад. Рахи сафеди бадан, ки то моҳи июл боқӣ мемонад, гурозбачаҳоро аз чашми дигар ҷонварон пинҳон медорад. Гурозбачаҳо то 3,5-моҳагӣ шир макида, баъд аз модар ҷудо мешаванд, дар 5-6-солагӣ болиғ мегарданд. Гурози нар ҳангоми гушн дар ҷустуҷӯи галаи гурозҳои мода роҳи зиёдро тай мекунад. Дар давраи гушн байни гурозҳои нар задухӯрд ба амал меояд. Чашми гуроз нағз намебинад, вале ҳисси бӯёӣ ва шунавоии хуб дорад. Гурозҳо ҷонварони боэҳтиёт, аммо бадхашм мебошанд. Онҳо барои ҳифзи бачаҳои худ, инчунин баъди захм бардоштан бо яшкҳои дарозашон метавонанд ба ҳама гуна ҷонвар зарбаи марговар расонанд. Душмани асосии гуроз шер, кафтор, паланг, гурбаи найзор ва гург аст. Гургҳо хусусан айёми сербарфии зимистон гурозҳоро бисёр нобуд мекунанд. Пештар дар Закавказия, Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон гуроз туъмаи асосии паланг буд. Гурозро барои гӯшту пӯст шикор мекунанд. Гуроз тухми рустаниҳоро зери хок карда, барои бунёди бешазор мадад мекунад; кирминаи гамбусакҳоро хӯрда, ҳашароти зараровари ҷангалро нобуд месозад. Гурозҳо дар баъзе ҷоҳо ғалла ва зироати полизиро хӯрдаву поймол карда, ба кишоварзӣ зарар низ меоранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Шаблон:IUCN2006 Database entry includes a brief justification of why this species is of least concern.
- ↑ Kingdon, J. (1997). The Kingdon Guide to African Mammals. Academic Press Limited. ISBN 0-12-408355-2
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гуроз // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.