(Translated by https://www.hiragana.jp/)
Замини Оташин (галаҷазира) — Википедия Jump to content

Замини Оташин (галаҷазира)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Замини Оташин — (аз англ. Tierra del Fuego), галаҷазира дар интиҳои ҷанубии Амрикои Ҷанубӣ. Онро гул. Магеллан аз материк ҷудо мекунад. Қисми бештари ҳудуди ғарбию ҷанубиаш ба давлати Чили (зиёда аз 60%), қисми шарқиаш ба Аргентина тааллуқ дорад. Масоҳати умумиаш 73753 км². Галаҷазираи Замини Оташин аз ҷазираи ҳамном (48 ҳазор км2) ва чандин ҷазираи хурд (Осте, Наварино, Леннокс, ИслаНуэва ва ғ.) иборат аст. Аҳолиаш 252,1 ҳазор нафар (2016). Зичии миёнаи аҳолӣ 3,403 нафар дар 1 км². Нуқтаи баландтаринаш 2488 м (кӯҳи Дарвин). Дар ҷаз. Горн ба гурӯҳи ҷаз-ҳои Вулластони димоғаи Горн мансуб аст. Ин мавзеъро соли 1520 баҳрнаварди португалӣ Ф. Магеллан зимни саёҳати хеш ба интиҳои ҷанубии қитъаи Амрико кашф кард ва дар соҳили он гулханҳои зиёдеро, ки аҳолии маҳаллӣ афрӯхта буданд, дида, онро Замини Оташин номид. Масоҳати зиёди галлаҷаз. Замини Оташинро теппаҳои баланди моренавӣ ва пастиҳои пиряхӣ иҳота кардаанд. Соҳилҳои уқ. Атлантик ҳамвор аст. Қисми зиёди Замини Оташин кӯҳсор буда, баландии кӯҳи Шиптон (то 2469 м) бо фордҳо бурида шудаанд; қисмҳои шимолӣ ва шарқиаш – пастӣ. Масоҳати зиёди кӯҳҳо ва баландиҳояш яхпӯшанд (зиёда аз 2300 км). Аз қисми шимолӣ то кӯли Фаняно кӯҳҳо то 800–900 м паст шудаанд. Дар қисми шимолу шарқии ҷаз. Замини Оташин нафту газ истихроҷ мекунанд. Иқлимаш муътадили уқёнусӣ, зимистонаш нарм, тобистонаш серун. Ҳарорати миёнаи январ 9–110 С, июл 20 С. Миқдори бориши солона аз ғарб ба шарқ аз 3000 то 350 мм кам мешавад. Баландии хатти барфи доманаи кӯҳҳо дар ғарб 700 м, дар шарқ то 900 м (дар нишебии Кордилераи Дарвин). Дарёи калонтарини Замини Оташин – Рио-Гранде. Замини Оташин кӯлҳои бисёр (Фаняно, Лаго-Бланко ва ғ.) дорад. Қисми зиёди ҳудуди Замин Оташин аз ҷангали ҳамешасабз ва баргрез иборат аст. Дар баландиҳо (аз 450–600 м) оилаи гуногуни рустаниҳо: болиштакҳо, буттазорҳо, гулсанг, ушна мерӯянд. Зиёда аз 40 дарсади ҳудуди ҷаз. Замини Оташинро рустаниҳои хӯшадор ва марғзорҳо ташкил медиҳанд. Дар Замини Оташин гуана, рӯбоҳ, саги обӣ, қундуз, харгӯш ва дар соҳили обии галаҷазираҳо наҳангҳо зиндагӣ мекунанд. Соҳили шимолии ҷаз. Замини Оташин ҷои зимистонгузаронии парандагони гуногуни кӯчӣ (қози магеланӣ, оруи регзор ва ғ.) мебошад. Ҳудудҳои ҳифзшавандаи Замини Оташин – боғҳои миллии Терра-дел-Фуэго (Аргентина), Алберто де Агостини ва димоғаи Горн (Чили) ба рӯйхатти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудаанд. Замини Оташин маркази Замини Оташин 10 замин – зебо муҳимми сайёҳӣ ва экологии мамлакат мебошад. Аҳолӣ ба гӯсфандпарварӣ ва моҳидорӣ машғул аст. Маҳалҳои бузурги аҳолинишинаш – Ушуая (Аргентина) ва Порвенир (Чили).