Маҳмад Ғоибов
Маҳмад Давлатович Ғоибов | |
Таърихи таваллуд | 11 март 1943 (81 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Тавилдара, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фалсафа |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои фалсафа |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин |
Ҷоизаҳо | Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998) |
Маҳмад Давлатович Ғоибов (11 марти 1943, ноҳия Тавилдара) — доктори илми фалсафа (1989), профессор (1994), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1973 факултаи фалсафаи Университети давлатии Маскавро хатм намуда, дар аспирантураи он хондааст. Аз соли 1977 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин фаъолият менамояд. Вазифаҳои муаллим, муаллими калон, дотсент (1977—1991), мудири кафедраи таърихи фалсафа (1993—1996, 2000—2004), ноиби ректор оид ба тарбия ва таъминоти иҷтимоӣ (1996—2000) Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро адо намудааст. Аз соли 2005 роҳбарии кафедраи фарҳангшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда доштааст. Ба таҳқиқи аҳволу осори маорифпарвари маъруфи афғон Маҳмуди Тарзӣ, ҳамсафаш Саидҷамолиддини Афғонӣ, баррасии таърихи равшангароӣ дар Тоҷикистону Афғонистон ва дигар масоил шуғл варзида, қариб сад таълифоти илмӣ, илмӣ-оммавӣ, методӣ ба хидмат овардааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аз таърихи равшангароии Тоҷикистону Афғонистон. — Д., 1979;
- Мактаби Маҳмуди Тарзӣ ва саҳми ӯ дар равнақи ҳаёти мадании Афғонистон. — Д., 2004;
- Эстетика ва этика. Барномаи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ. — Д., 2005;
- Фарҳангшиносӣ. Барномаи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ. — Д., 2006.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2017. — С. 154.