(Translated by https://www.hiragana.jp/)
Нобусуке Киши — Википедия Jump to content

Нобусуке Киши

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нобусуке Киши
ҷопонӣ: きし信介しんすけ
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд ҷопонӣ: 佐藤さとう信介しんすけ
Таърихи таваллуд 13 ноябр 1896(1896-11-13)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 7 август 1987(1987-08-07)[1][2][3][…] (90 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша сиёсатмадор, диплумот, ҷосус, bureaucrat
Падар Hidesuke Satō[d]
Модар Shigeyo Satō[d]
Ҳамсар Yoshiko Kishi[d][4]
Фарзанд Yōko Abe[d] ва Nobukazu Kishi[d]
Ҷоизаҳо
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Нобусуке Киши ( ҷопонӣ: きし 信介しんすけ; 13 ноябр 1896, Табусе — 7 августи 1987, Токио ) — Ходими давлатии Ҷопон. Бобои сарвазири собиқи Ҷопон Шиндзо Абе ва вазири дифоъ Киши Нобуо .

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Донишгоҳи Токиоро хатм кардааст ( 1920 ). Дар соли 1941 ӯ ба ҳайси вазири савдо ва саноат вориди Девони вазирони Ҳидеки Тоҷо шуд . Баъди 1 ноябри соли 1943 Вазорати таъминоти ҳарбӣ ташкил карда шуда буд. Киши ҷонишини вазир таъин шуд. Аз сабаби он ки худи Точо расман сарвазир буд, дар ҳақиқат, Киши роҳбарии корҳои ҷории вазорат ва тамоми масъалаҳои таъмини артиши Ҷопонро ба зиммаи худ гузошта буд. Дар соли 1944 вай якҷоя бо аъзоёни Девони вазирон истеъфо дод. Баъди ба охир расидани Ҷанги ҷаҳонии дувум вай дар байни асосгузорони ҳизби либералӣ буд. Соли 1953 вакили порлумон интихоб шуд. Ӯ котиби генералии Ҳизби демократӣ буд. Яке аз аъзоёни бонуфузи Ҳизби либерал-демократии Ҷопон (ҲЛД), асосгузори яке аз шаш фраксияи калонтарини он. Нобусуке Киши сарвазири Ҷопон аз 25 феврали соли 1957; барои аз нав мусаллаҳ гардондани Ҷопон, кушиш намуд, инчунин мехост бо Иёлоти Муттахида созишномаи нави бехатарӣ баста шавад. Дар рафти эътирозҳои оммавӣ ба муқобили тасвиби шартнома ва сафари президенти ИМА Дуайт Эйзенҳоуэр 15 июли соли 1960 Нобусуке Киши маҷбур шуд, ки истеъфо диҳад.

  1. 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. 3.0 3.1 Proleksis enciklopedija, Opća i nacionalna enciklopedija (хорв.) — 2009.
  4. (unspecified title) — С. 48.