(Translated by https://www.hiragana.jp/)
Раъйпурсии конститутсионии Тоҷикистон (1999) — Википедия Jump to content

Раъйпурсии конститутсионии Тоҷикистон (1999)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раъйпурсии конститутсионии Тоҷикистон
Кишвар
Мавзӯъи аслӣ confessional party[d] ва bicameralism[d]
Пеш аз Раъйпурсии конститутсионии Тоҷикистон (1994)
Баъдӣ Раъйпурсии конститутсионии Тоҷикистон (2003)
Замони вуқуъ 26 сентябр 1999
Шумораи интихобкунандагон 2 800 947
Ballots cast 2 591 905
Шумораи овозҳои қабул 2 470 591
Number of negative votes 609 787
Number of support votes 1 860 804
Бинои парлумони Тоҷикистон дар соли 1999

Раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 баргузор гардид, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол дуюмин раъйпурсии умумихалқӣ гардид. Яке аз тағйироти асосӣ ба Конститутсия аз 5 то 7 сол (вале танҳо як мӯҳлат) зиёд кардани мӯҳлати ваколатҳои президенти ҷумҳурӣ, таъсиси парлумони дупалатагӣ, инчунин иҷозат барои бақайдгирии ҳизбҳои сиёсии динӣ , кафолати озодии баён ва дин буд. [1] .

Қарор карда шуда буд, ки ҳамапурсӣ дар нимаи аввали соли 1998 баргузор шавад, аммо дар соли 1998 бо сабабҳои мухталиф раъйпурсӣ ба муддати номуайян мавқуф гузошта шуд. Пас аз як баҳси тӯлонии ҳукумат ва мухолифин 30 июни соли 1999 порлумони Тоҷикистон (он вақт якпалатагӣ) ниҳоят санаи баргузории раъйпурсӣ - 26 сентябри соли 1999-ро тасдиқ кард. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ Конститутсия мавҷуд буд, ки дар давраи авҷи ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда буд.

Раъйпурсӣ маҳз дар рӯзи таъиншуда, 26 сентябр баргузор шуд. Участкаҳои интихоботӣ барои интихобкунандагон аз соати 6 то 20 кушода буданд [1] .

Тибқи иттилои расмӣ, дар интихобот 92,53% - ду миллиону 591 ҳазору 905 нафар (ду миллиону 800 ҳазору 947 нафар шаҳрвандони кишвар соҳиби ҳуқуқи овоздиҳӣ буданд) ширкат намуда овоз доданд. То замони баргузории раъйпурсӣ бештари паноҳандагоне, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ кишварро тарк карда буданд, ба бозгашт ба кишвар шурӯъ карданд. Ҳамчунин, тибқи иттилои расмӣ, 75,31 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз ислоҳот ба Қонуни Асосии ҷумҳурӣ ва 24,69 дарсади раъйдиҳандагон мухолиф овоз додаанд. Шумораи хеле ками бюллетенҳо беэътибор дониста шуданд [1] [2] [3] .

Интихоб Овоз додан %
Тарафдор 1 860 804 75.31
Зид 609 787 24.69
Овозҳои беэътибор 121 314 0,01
Ҳамагӣ 2 591 905 100

Пас аз раъйпурсӣ дар Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Палатаи намояндагон (поён) ва Шӯрои миллӣ (боло) таъсис ёфт, мӯҳлати ваколати Президенти Тоҷикистон пас аз интихоботи президентии 6 ноябри соли 1999 ҳафт сол шуд., вале бо як давраи мӯлат. Ҳизби наҳзати исломии исломии мухолифи Тоҷикистон расман сабти ном шуд ва ҳаққи ширкат дар интихоботи навбатии порлумонии соли 2000-ро гирифт, барои сабти номи созмонҳои динӣ шароит фароҳам оварда шуд, тибқи қонун озодии баён ва гирдиҳамоӣ ҳифз шудааст.

  1. 1.0 1.1 1.2 Tadschikistan, 26. September 1999 : Verfassungsreform(олмонӣ)(пайванди дастнорас — таърих). sudd.ch. 3 октябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 октябри 2020.
  2. Nohlen et al., p465
  3. Dieter Nohlen, Florian Grotz & Christof Hartmann (2001) Elections in Asia: A data handbook, Volume I, p462 ISBN 0-19-924958-X