(Translated by https://www.hiragana.jp/)
Саноӣ — Википедия Jump to content

Саноӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саноӣ
Таърихи таваллуд: 1080[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1131[3]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, файласуф
Забони осор: форсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абулмаҷд Маҷдуд ибни Одам Саноии Ғазнавӣ (форсӣ: أبوالمجد بن مجدود بن آدم سنائي الغزنوي‎, маъруф ба Ҳаким Саноӣ; 10811150) — ориф, сӯфӣ, зоҳид, файласуф, шоир ва нависандаи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳаким Саноӣ соли 1080 дар Ғазнин таваллуд ёфтааст. Айёми ҷавониро дар зодгоҳаш гузаронидааст ва баъдтар ба Балх, Ҳирот, Нишопур ва ба Ҳаҷ низ рафтааст.

Ҳаким Саноӣ шоири соҳибдевон аст ва манзумаҳои Корнамои Балх, Ҳадиқотулҳақиқот, Тариқултаҳқиқ, Сайрулибод, Корнома, Ишқнома, Ақлнома, Ғарибнома, Афвнома ва ба амсоли инхо маҳсули эҷоди уст. Доир ба соли вафоти шоир санаҳои мухталифе дар сарчашмаҳои адаби кайд гардидаанд. Фавти шоир тахминан дар худуди солҳои 1140—1142 сурат гирифтааст. Макбарааш дар шаҳри Газнин то имрӯз чун мавзеи зиёратгахи умум бокист.

Маълумот роҷеъ ба баъзе аз осори адабии Санои: Девони ашъор, ки иборат аз касоид, ғазалиёт, тарчеот ва қитъаву рубоиёт буда, 13 ҳазору 780 байтро фаро гирифтааст, дар байни осори шоир макоми махсусро касб кардааст. Ғазалиёти шоир фалсафи ва ирфонист. Дар ғазалиёти у, ки то хадде масъалаи вахдати вучуди ирфони камтар ба назар мерасад, тараннуми ишқи вокеи, баёни эхсосоти ошикона ба назар мерасанд.

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]
Фарши ту дар зери по атласу шеъри насиҷ
Беваи ҳамсояро даст шуда обила
Вай ҳама‌шаб гурусна, ту зи хуриш‌ҳои хуб
Карда шикам чорсу, чун шиками ҳомила