Толибон
пашту: طالبان | |
Раҳбарон | Мулло Умар[d], Ахтар Мансур[d] ва Ҳайбатуллоҳ Охунзода |
Ҷойгиршавӣ (штаб-квартира) | |
Таърихи ташкилёбӣ | 1994 |
Шумораи аъзо | 70 000[1] |
Вебгоҳ | alemarahenglish.af |
Толибон (пашту: طالبان) — ҷунбиши исломие, ки соли 1994 дар Афғонистон дар байни паштунҳо ба вуҷуд омада, аз соли 1996 то соли 2001 дар Афғонистон («Иморати исломии Афғонистон») ва аз соли 2004 дар минтақаи Вазиристони шимоли Покистон («Давлати исломии Вазиристон») ҳукмронӣ кардааст. Иморати иИсломии Афғонистон аз ҷониби се давлат ба таври дипломатӣ эътироф карда шуд: Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Покистон ва Арабистони Саудӣ.
Пас аз эъломи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ дар баҳори соли 2021, Толибон ҳамла ба мавзеъҳои артиши Афғонистонро оғоз карданд ва то моҳи август контроли бештари Афғонистонро ба даст гирифтанд. Рӯзи 15 август Толибон пойтахти кишвар Кобулро ишғол карданд ва контроли комил дар ин кишварро эълом карданд ва баъдтар қавл доданд, ки тарафдорони режими пешинро таҳти таъқиб надиҳанд ва хурӯҷи ҳеҷч кас аз кишвар ҷилавгирӣ накунанд.
Толибон соли 2003 аз ҷониби Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун як созмони терруристӣ[2] эътироф шудаст. Додгоҳи олии Русия Толибонро 14 феврали соли 2003 ҳамчун як созмони терруристӣ эътироф кард (қарор аз 4 март эътибор пайдо кард)[3]. Толибон дар Тоҷикистон ҳам як созмони терруристӣ шинохта мешавад[4].
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Толибон пас аз тасарруфи Афғонистон, аз сол 1996 то 2001 бо номи Иморати исломии Афғонистон бар ин кишвар ҳукумат кард. Дар ин солҳо, кишварҳои Покистон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ танҳо се кишваре буданд, ки Толибонро ба расмият шинохтанд. Толибон пас аз ҳамлаи Амрико ба Афғонистон, ки мӯҷиби барканори онон аз қудрат шуд, аз соли 2006 бори дигар зимни эъломи мавҷудият, бо давлати мустақари Афғонистон муборизаи мусаллаҳона карданд ва дар бештари қисматҳои ҷануби Афғонистон ба вежа Зобул, Қандаҳор ва Ҳилманд нуфуз карданд. Аз он замон, Толибон бо нерӯҳои Амрико ва НАТО низ дар ҷанг ҳастанд. Раҳбари кунунии Толибон пас аз кушта шудани мулло Ахтар Мансур, аз соли 2016 мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охундзода аст. 29 феврали 2020 Толибон ва ИМА дар Қатар тавофуқномае барои бозгардондани сулҳ ба Афғонистон имзо карданд[5].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Афганский синдром. Бегство армии США или передача власти «Талибану»*?
- ↑ Security Council Committee established pursuant to resolution 1267 (1999) concerning Al-Qaida and the Taliban and Associated Individuals and Entities(пайванди дастнорас — таърих). 20 феврали 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 14 марти 2007.
- ↑ ФСБ опубликовала список запрещенных в РФ организаций (НТВ)(пайванди дастнорас — таърих) (27 феврали 2015). 19 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 октябри 2017.
- ↑ Sputnik Тоҷикистон. Русия ва Тоҷикистон ба ҷанг бо Толибон* омодагӣ мегиранд(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (15 июли 2021). 16 июли 2021 санҷида шуд.
- ↑ توافقنامه آمریکا و گروه طالبان امضا شد؛ یک توافق تاریخی برای افغانستان | صدای آمریکا فارسی(форсӣ). ir.voanews.com. 16 июли 2021 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Садои Ҷиҳод, вебгоҳи Толибон. Бо забонҳои пашту, урду Бойгонӣ шудааст 18 ноябри 2015 сол., дарӣ (форсӣ-кобулӣ), арабӣ Бойгонӣ шудааст 6 Декабри 2020 сол. ва англисӣ дастрас аст.
- Асатрян Г. Э. Соглашение США с талибами: признание провала американцев в Афганистане? // ТАСС, 02.03.2020
- Асатрян Г. Э. Талибам помощь России не нужна. Что стоит за скандальной публикацией New York Times // ТАСС, 29.06.2020
- Густерин П. В. Как вырождается «Талибан» // Военное обозрение. — 11.09.2014.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |