(Translated by https://www.hiragana.jp/)
Штеффи Граф — Википедия Jump to content

Штеффи Граф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Штеффи Граф
олмонӣ: Steffi Graf
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс зан[1]
Ном ба ҳангоми таваллуд олмонӣ: Stephanie Maria Graf
Кишвар
Тахассус теннис
Бошгоҳ Germany Billie Jean King Cup team[d][2]
Зодрӯз 14 июн 1969(1969-06-14) (55 сол)
Зодгоҳ
Корномаи варзишӣ 19821999
Тарафи корӣ one-handed forehand[d], one-handed backhand[d] ва right-handedness[d][3]
Қад 176 сантиметр
Вазн 65 кг
Вебгоҳи расмӣ(олмонӣ)(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ште́фани Мари́я «Ште́ффи» Граф (олмонӣ: Stefanie Maria "Steffi" Graf); зод. 14 июн 1969, Монҳойм[d], Баден-Вюртемберг) — тенничбози олмонӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳти роҳнамоии падар нахустин қадамҳоро ба ҷаҳони теннис гузошт. Дар 17-солагӣ беҳтарин варзишгарзани Олмон гардид ва соли 1987 қаҳрамони чемпионати озоди ИМА шуд. Дар 107 мусобиқаи гуногун ғолиб омадааст. Чандин маротиба соҳиби унвони якумин теннисбози ҷаҳон гаштааст. Дорандаи медалҳои тило ва биринҷии (дар бозии дунафарӣ) Бозиҳои олимпии ш. Сеул (1988), медали нуқраи Бозиҳои Барселона (1992) ва Ордени Олимпӣ (1999). Дар чаҳор чемпионати озоди Австралия (1988, 1989, 1990, 1994), шаш чемпионати озоди Фаронса (Ролан Гаррос; 1987, 1988, 1993, 1995, 1996, 1999), ҳафт мусобиқаи Вимбелдон (1988, 1989, 1991, 1992, 1993, 1995, 1995, 1996) ва панҷ чемпионати озоди Амрико (1988, 1984, 1993, 1995, 1996) пирӯз шудааст. Рекордҳои дарозмуддати баландтарин рейтинг (377 ҳафта) ва мақоми аввал байни занҳои теннисбоз (186 ҳафта) ба ӯ тааллуқ доранд.