(Translated by https://www.hiragana.jp/)
Ҷумъа Қуддус — Википедия Jump to content

Ҷумъа Қуддус

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷумъа Қуддус
Ҷумъа Қуддус
Таърихи таваллуд: 20 март 1958(1958-03-20) (66 сол)
Зодгоҳ: Душанбе ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, нависанда, тарҷумон
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳои адабӣ: Медали «Хидмати шоиста»

Ҷумъа Қуддусрӯзноманигор, нависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1990)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷумъа Қуддус 20 марти соли 1958 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1974 мактаби миёнаи №1 ноҳияи Вахш, соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар рӯзномаву ҳафтаномаҳои гуногун, Телевизиони тоҷик, Вазорати фарҳанги кишвар, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Донишгоҳи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор кардааст. Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Ҷумъа Қуддус муаллифи китобҳои гуногунжанру гуногунмуҳтавои «Кори нотамом» (1982), «Мардҳо намегирянд» (1991), «Воқеа, вақт, одамон», (1997), «Исмоили Сомонӣ» (1999), «Эъҷоз» (романи мустанад, 1999), «Офариниши охирин» (2003), «Роҳи наҷот» (2003), «Тавбашикан» (2005), «Ориёно-1. Ҳасрати Зардушт» (дар ҳаммуаллифии Маҳмадкарими Карим, романи таърихӣ, 2006, 2008), «Ширин» (дар ҳаммуаллифии Маҳмадкарими Карим; қисса; тоҷикӣ, русӣ, инглисӣ, 2006), «Ориёно-2. Биҳишти гумшуда» (дар ҳаммуаллифии Маҳмадкарими Карим; романи таърихӣ, 2008), дастурҳои таълимии «Асосҳои драма ва маҳорати сенариянависӣ» (1998), «Жанрҳои журналистикаи телевизион» (2003), «Назарияи эҷод» (2004), «Тадқиқоти журналистӣ» (2004), «Асосҳои журналистикаи телевизион» (2008), «Асосҳои драматургия ва маҳорати сенариянависӣ» (2009) ва ғ. мебошад. Намоишномаҳояш «Гирдсанг», «Шабистон», «Дараи шикастҳо», «Очаи Бика ва Зика», «Тӯйи бедомод», «Иморикаш», «Ҳазрати Ғазаб», «Қисмати теппаи сурх», «Суруд дар бораи бахт», «Зиндашаҳидон», «Талошҳои сурх», «Домодии маҷбурӣ», «Мардҳо намегирянд», «Психотерапия», «Вийд», «Тири бепайкон», «Хоҷасагпараст», «Сухан ва шамшер», «Зани шаҳрӣ», «Қурбонии 80-ум кист?», «Кори нотамом», «Баха», «Исмоили Сомонӣ», «Фоҷиаи аввалин», «Бозори нафс», «Адли Анӯшервон», «Ишқи парӣ», «Вулқони хомӯшшуда», «Марги сафед», «Варта», «Шифо», «Нолаи Зардушти Паёмбар», «Мунтасир», «Резистанс-Муқовимат», «Турки тоҷик», «Фоли аҷибу ғариб», «Бозори нафс», «Зистан-ғалаба кардан», «Ғубори Аҷам», «Хоби чаппа», «Киштинишастагон», «Марди кор», «Бӯсаи аввал», «Талбак Лолаев», «Ҳотами Той», «Ишқи бозорӣ», «Ҷазирбод», «Бозори нафс», «Офариниши охирин», «Ҳидояти қудсӣ. Носири Хусрав», «Шағоли шергир», «Дом», «Ҷавонии Рӯдакӣ», «Сонсур», «Гули зира» ва ғ. дар бисёр озмунҳои драманависон ва ҷашнвораҳои театрӣ сазовори ҷоизаҳо гардидаанд. Соли 2003 «Ҳидояти қудсӣ. Носири Хусрав» дар таҳияи Театри мусиқӣ-драмавии Хоруғ сазовори ҷоизаи якуми Фестивал- озмуни «Парасту» гардидааст. Муаллифи филмномаҳои «Носири Хусрав», «Саъдии Шерозӣ», «Ҳикмати Анӯшервон», «Ширин» (дар 15 серия) буда, асарҳои зиёди адибони Шарқу Ғарбро барои Телевизиони Тоҷикистон тоҷикӣ кардааст. Ҳамчунин, барои театрҳои кишвар «Дон–Жуан»-и Ж.Б.Молӣер, «Мӯъҷизаи одӣ»-и М. Ладо, «Ба пеш, ясавул!», «Асрори марги Чингизхон»-и Ҷ. Қулмамбетов, «Харак»-и А. Гелман, «Умед»-и Ҷ. Қалибекова, «Туӣ ягонаи ман»-и Ж. Озбекова, «Қурбони вазифа»-и Э.Ионескуро ба тоҷикӣ гардондааст. Пйессаҳои «Офариниши охирин»-аш соли 2001 дар Сурия, «Сухан ва шамшер»-аш соли 2003 дар Исроил чоп шудаанд. «Офариниши охирин» соли 2006 дар Ҷумҳурии Қирғизистон, «Тавбашикан» соли 2007 дар Ҷумҳурии Қазоқистон, «Мазҳакаи иблис» соли 2008 дар Ҷумҳурии Қирғизистон саҳнагузорӣ шудаанд. Ҳамчунин, «Офариниши охирин» аз ҷониби Театри тамошобини ҷавони Қирғизистон дар Фестивали байналмилалии театрии «Азия-2006» дар шаҳри Чӯлпонато намоиш додаву сазовори Шоҳҷоиза гардидааст. Силсилаи романҳои таърихии «Ориёно» (дар ду ҷилд – «Ҳасрати Зардушт» ва «Биҳишти гумшуда») дар Фестивали 4-уми байналмилалии санъати китоб (дар Маскав) сазовори дипломи дараҷаи дувум шудааст.

  • Барандаи Шоҳҷоиза(2006);
  • Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (1998);
  • Медали «Хидмати шоиста» (2004)[1].
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 117 - 118 ISBN 978-99947-2-379-9