OnePlus 8
Бренд | OnePlus |
---|---|
Иртиботот | GSM/CDMA/HSPA/LTE |
Санаи барориш | 2020 |
Пешгузашта | OnePlus 7 |
Ҷонишин | OnePlus 8T[d] |
Навъ | Камерафон, смартфон |
Форм-фактор | Моноблок |
Андозаҳо | 160.2 x 72.9 x 8 |
Вазн | 180 |
Системаи омилӣ | Android 10 |
Пардозанда | Qualcomm Snapdragon 865 |
Графика | Adreno 650 |
RAM | 8/12 Гб |
Ҳофизаи флеш | 128/256 Гб |
Аккумулятор | 4300 мА·с |
Камера | 48 + 16 + 2 MP |
Камераи пеш | 16 MP |
OnePlus 8 ва OnePlus 8 Pro — смартфонҳо дар заминаи Android мебошанд, ки аз ҷониби ширкати хитоии OnePlus истеҳсол шудаанд. Ҳар ду намуд таърихи 14 апрели 2020 сол дар чорчӯбаи онлайн-намоиш тақдим карда шудаанд. Силсилаи OnePlus 8 ҷогири силсилаи OnePlus 7 мебошад. Тамоми намудҳои стандарти алоқаи мобилии 5G доранд.
OnePlus 8 Pro дар баҳогузории рейтингии AnTuTu барои июни 2020 сол ҷои дуюмро ишғол намуд.[1] Аз ҷониби DisplayMate ба OnePlus 8 Pro дар гурӯҳи "Best Smartphone Display" мукофот дода шудааст.[2]
Дар ҳиндустон якумин миқдори OnePlus 8 Pro дар давоми якчанд дақиқа пас аз оғози фурӯш харида шудааст.[3]
Хусусиятҳои техникӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]OnePlus 8[4] | OnePlus 8 Pro[5] | |
---|---|---|
Экран | 6.55
Fluid AMOLED, 1080 x 2400 px, 20:9, 402 ppi |
6.78
Fluid AMOLED, 1440 x 3168 px, 513 ppi |
RAM | 8/12 GB | 8/12 GB |
Ҳофизаи флеш | 128/256 GB | 128/256 GB |
Камера | 48+16+2 MP, AF, 4K@30/60fps, 1080p@30/60/240fps, 720p@480fps | 48+8+48 MP, AF, 4K@30/60fps, 1080p@30/60/240fps, 720p@480fps
Камераи OnePlus 8 Pro дар рейтинги DxOmark сазовори 119 хол гашт[6] |
Камераи пеш | 16 Мп, 1080p@30fps | 16 Мп, 1080p@30fps |
Пардозанда | 1x2.84 GHz & 3x2.42 GHz & 4x1.8 GHz | 1x2.84 GHz & 3x2.42 GHz & 4x1.8 GHz |
Системаи омилӣ | Android 10, OxygenOS 10.0 | Android 10, OxygenOS 10.0 |
Андозаҳо | 160.2 x 72.9 x 8 | 165.3 x 74.4 x 8.5 |
Вазн | 180 | 190 |
Аудио
[вироиш | вироиши манбаъ]Портали DxOMark садои OnePlus 8-ро ба 68 хол баҳогузорӣ кард, OnePlus 8 Pro сазовори 67 хол гашт. Дар рейтинги умумии аудио намудҳо сазовори ҷойҳои 11 ва 12 гаштаанд.[7][8]
Намудҳои Verizon ва T-Mobile
[вироиш | вироиши манбаъ]OnePlus 8 5G UW (Verizon) ва OnePlus 8 5G (T-Mobile) — намудҳо барои бозори ИМА, дар силсилаи OnePlus 8 танҳо онҳо дорои шаҳодатномаи ҳимоя аз об ва чанг IP68 мебошанд.[9][10]
Намуди 5G UW якҷоя бо оператори калонтарини амрикоии шабакаи мобилӣ Verizon бароварда шудааст. Намуди мазкур дар силсилаи OnePlus 8 аз ҳама тезтарин мебошад, зеро Ultra Wideband – тарзи махсуси аз ҳад тезтарини 5G-и ширкати Verizon-ро доро мебошад.
Намуди 5G (T-Mobile) танҳо дар мағозаҳои шабакаи T-Mobile ба таври истисноӣ фурӯхта мешавад.
Таъсири рентген
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар нурполои фотохромии камераи смартфони нави OnePlus 8 Pro теъсири рентген дида мешавад.[11][12] Он баъзе намудҳои пластик ва либосро тадқиқ мекунад. Бо сабаби пайдо гаштани тақризҳои манфӣ дар бораи вайрон кардани махфият, ширкати OnePlus нурполоро аввал дар намудҳои хитоӣ ва сипас дар тамоми ҷаҳон хомӯш кардааст.
Пас аз чанд вақт, ширкат барои дар навкунии барномаи OxygenOS 10.5.9 истифода бурдани нурполо имконият дод.[13][14]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Performance Ranking. AnTuTu.
- ↑ OnePlus 8 Pro Series Display Technology Shoot-Out. DisplayMate.
- ↑ OnePlus 8 Pro sale in India ends in minutes after stock runs out. GSMArena.
- ↑ Full phone specifications OnePlus 8. GSMArena.
- ↑ Full phone specifications OnePlus 8 Pro. GSMArena.
- ↑ OnePlus 8 Pro camera review. DxOMark.
- ↑ OnePlus 8 Audio review. DxOMark.
- ↑ OnePlus 8 Pro Audio review. DxOMark.
- ↑ Full phone specifications OnePlus 8 5G UW (Verizon). GSMArena.
- ↑ Full phone specifications OnePlus 8 5G (T-Mobile). GSMArena.
- ↑ Android Circuit: New Galaxy Leaks, X-Ray Vision From OnePlus, Huawei’s Google Surprise. Forbes.
- ↑ Эффект рентгена: камера смартфона видит сквозь одежду. Газета.
- ↑ OxygenOS 10.5.9 disables the OnePlus 8 Pro’s color filter camera, even on the global variant. xda Developers.
- ↑ OnePlus «сломала» рентгеновское зрение своего флагманского смартфона. Функция теперь работает только на улице. iXBT.