Қӯрғонтеппа ба Бохтар ва Сарбанд ба Леваканд табдили ном карданд

Февраль 17, 2018 10:46

ДУШАНБЕ, 17.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар иҷлосияи  чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён иваз карда шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки шаҳри Қӯрғотеппа, ки акнун номи Бохтарро гирифт дар  соҳили чапи дарёи Вахш доман густурда, дар масофаи беш аз 100 км аз пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе воқеъ мебошад. Шаҳри Қӯрғонтеппа маркази маъмурии вилояти Хатлон  буда, дорои 105 ҳазор аҳолист ва баъд аз Душанбе ва Хуҷанд саввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ номи шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук, номи деҳаи Қурбоншаҳиди  ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод,  деҳаи Шота Руставелии ҷамоати Ситораи сурхи ноҳияи Ёвон ба Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри ҷамоати ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба Боғдара ва деҳаи Будинободи ҷамоати ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳия Ёвон ба Зарриндашт  табдил дода шуданд.

Февраль 17, 2018 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 рубли русӣ — 0.1506 сомонӣ муқаррар шудааст
«Роғун» ва аҳамияти иқтисодии он барои Осиёи Марказӣ», «Шаҳринав. Аттестатсия се роҳбарро аз мансаб дур кард», «Боғи ҳайвонот ва савдогарон»,-шарҳи матбуоти даврӣ
ҚУРБИ АСЪОР: дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 евро – 10.6408 сомонӣ муқаррар шудааст
ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
ҚУРБИ АСЪОР: дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 доллари ИМА — 9.6935 сомонӣ муқаррар шудааст
«Гиромидошти об дар фарҳанги миллӣ»-таҳти ин унвон дар Душанбе Конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 доллари ИМА — 9.6884 сомонӣ муқаррар шудааст
ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш ва ғуборолуд боқӣ мемонад
Ду корманди соҳаи адлия ва маориф бо ҷурми даст задан ба коррупсия боздошт шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 евро – 10. 6827 сомонӣ муқаррар шудааст

Маводҳои таҳлилӣ