(Translated by https://www.hiragana.jp/)
Забони мунҷонӣ — Википедия Jump to content

Забони мунҷонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Забони мунҷонӣ
Кишварҳо
Шумораи умумии гӯишварон
  • 3 770 тан
Вазъ 4 severely endangered[d][2]
Таснифот
забонҳои ҳиндуаврупоӣ
забонҳои ҳиндуэронӣ
забонҳои эронӣ
забонҳои эронии шарқӣ
Yidgha-Munja[d]
Забони мунҷонӣ
Коди забонӣ
ISO 639-1
ISO 639-2
ISO 639-3 mnj
Atlas of the World’s Languages in Danger 1851
Ethnologue mnj
ELCat 4690
IETF mnj
Glottolog munj1244
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ

Забони Мунҷонӣ (منجاني ألڤزأن, Мунҷони олавзон) дар водии Курон ва Мунҷони вилояти Бадахшони Афғонистон роиҷ аст ва баъзе аз муҳаққиқон онро бозмондаи забони Бохтарӣ шумурдаанд [Грюнберг 1972; Стаблин-Каменский // ОИЯ 1981, с. 314-346]. Дар деҳаи Тавдем ва Тсорҷи ноҳияи Роштқаълаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шаҳри Хоруғ ва ҳамчунин дар ноҳия Ишкошим мунҷониҳое иқомат доранд, ки дар гузашта аз Мунҷон ба ин ҷо муҳоҷират кардаанд. Акнун мунҷониҳои солманди ноҳияи Роштқаъла ва шаҳри Хоруғ ба форсӣ-тоҷикӣ ва ҷавонону кӯдакон ба забони шуғнонӣ такаллум мекунанд. Дар ноҳияи Ишкошим бошад мунҷониҳо дар водии Ғорон ва маркази ноҳия ба форсӣ - тоҷикӣ ва дар деҳаи Рен ба забони Ишкошими такаллум мекунанд.[3]